Ба номи Худо

Муқаддимаи китоби "Илоҳиномаи Аттор"

Ба номи кирдигори ҳафт афлок,

Ки пайдо кард одам аз кафи хок.

Худованде ки зоташ безавол аст,

Хирад дар васфи зоташ гунгу лоласт.

Замину осмон аз ӯст пайдо.

Намуди ҷисму ҷон аз ӯст пайдо.

Маҳу Хуршеду нури ҳастии ӯст,

Фалак боло замин дар пастии ӯст.

Зи васфаш ҷонҳо ҳайрон монда,

Хирад ангушт дар дандон монда.

Сифоти лоязолаш кас надонист,

Ҳар он васфе ки гуи беш азонаст.

Ду олам қудрати бечуни уяст,

Даруни ҷонҳо дар гуфтугуяст.

Зи кунҳи зоти ӯ касро хабар нест,

Ба ҷуз дидори ӯ чизе дигар нест.

Талабгораш ҳақиқат ҷумла ашё,

Зи нопайдоии ӯ ҷумла пайдо.

Ҷаҳоне аз нури зоти ӯ музайян,

Сифоатш аз зоти ӯ пайваста равшан.

Зи хоке ин ҳама изҳор кард ӯ,

Зи дуди зинати паргор кард ӯ.

Зи сунъаш Одам аз гил рӯх намуда,

Заво ҳар лаҳза сад посух шунида.

Зи илмаш гашта онҷо соҳиб асрор,

Худ андар диди Одам карда дидор.

На кас зу зодаву на ӯ зода аз кас,

Яке зотаст дар ҳар ду ҷаҳон бас.

Зи яктоии худ бечун ҳақиқат,

Дарун бигрифтаву берун ҳақиқат.

Ҳақиқат илми кулл урост таҳқиқ,

Диҳад онро ки хоҳад дуст тавфиқ.

Бидонад ҳоҷати муре дар асрор,

Ҳамон дам ҳоҷаташ орад падидор.

Шуда оташ талабгори ҷалолаш,

Дамодам маҳв гашта аз висолаш.

Зи ҳукмаш бод саргардон баҳри ҷо,

Гаҳе дар таҳту гоҳ андар сурайё.

Зи лутфаш оби ҳар ҷое равон аст,

Зи фазлаш қуввати руҳу равон аст.

Зи дидаш хок мискин уфтода,

Аз он дар иззу тамкин уфтода.

Зи шавқаш куҳ рафта пой дар гил,

Бимонад волаву ҳайрону бедил.

Зи завқаш баҳр дар ҷушу фиғонаст,

Аз он пайваста ӯ гавҳарфишонаст.

Намуда сунъи худ дар пораи хок,

Дарунаш аршу фаршу ҳафт афлок.

Ниҳода ганҷи маъно дар дарунаш,

Басуи зот карда раҳнамунаш.

Ҳама пайғамбарон зу карда пайдо,

Намуда илми ӯ бар ҷумла доно.

Ки буд Одам камоли қудрати ӯ,

Баолам ёфта буд рафъати ӯ.

Ду оламро дар ӯ пайдо намуда,

Аз ӯ ин шур бо ғавғо намуда.

Таолаллоҳ яке бе мислу монанд,

Ки хонандат Худованди Худованд.

Туи аввал туи охир таоло,

Туи ботин туи зоҳир таоло.

Ҳазорон қарн ақли пир дар тохт,

Камолат заррае зин роҳ нашнохт.

Басе кардат талаб аммо надидат,

Фитод андар пайи гуфту шунидат.

Ту нури дар тамоми офариниш,

Ба ту бино ҳақиқат айни биниш.

Аҷаб падоиву пинҳон бимонда,

Даруни ҷониву бе ҷон монда.

Ҳама ҷонҳо зи ту пайдост эй дуст,

Туи мағзу ҳақиқат ҷумлаги пуст.

Ту мағзи дар даруни ҷон ҷумла,

Аз ин пайдоиву пинҳон ҷумла.

Аз он мағзе ки доим дар даруни,

Сифоти худ дар онҷо раҳнамуни.

Надидат ҳеҷ кас зоҳир дар инҷо,

Аз они аввалу охир дар инҷо.

Ҷаҳон пур номи ту ваз ту нишон на,

Бату бинанда ақлу ту аён на.

Ниҳон аз ақлу пайдо дар вуҷуде,

Зи нури зоти худ аксе намуде.

Зи дидат ёфта сурат нишона,

Намонад ӯ ту мони ҷовидона.

Яке зоте ки пешони надоре,

Ҳама ҷонҳо туи ҷоне надоре.

Дуеро нест дар наздики ту роҳ,

Ҳақиқат зоти покат қул ҳуваллоҳ.

Макону кавнро муе насанҷи,

Ҳама олам тилисманду ту ганҷи.

Туи дар ҷону дил ганҷи ниҳони,

Ту гуфти кунту канзан ҳам ту дони.

Ду олам аз ту пайдову ту дар ҷон,

Ҳамегуи, дамодам сирри пинҳон.

Ҳақиқат ақли васфи ту басе кард,

Ба охир монд бо ҷони пур аз дард.

Зиҳи бинмуда рух аз кофу аз нун,

Фиканда нури худ бар ҳафт гардун.

Зиҳи гуё зи ту кому забонам,

Туи ҳам ошкоро ҳам ниҳонам.

Зиҳи бино зи ту нури ду дида,

Туро дар андарун парда дида.

Туро дар андаруни парда дида.

Зиҳи аз нури ту олам мунаввар,

Зи акси зоти ту одам мусаввар.

Зиҳи дар ҷону дил бинмуда дидор,

Ҷамоли хешро ҳам худ талабгор.

Ту нури маҷмаъи кавну макони,

Ту ҷавҳар менадонам каз чи кони.

Ту зотти дар сифоти ошкора,

Ҳама ҷонҳо ба суи ту назора.

Барафкан бурқаъу дидор бинмой,

Баҷузу кул яке рухсор бинмой.

Дили ушшоқ пур хунаст аз ту,

Азон аз парда берунаст аз ту.

Ҳама ҷуёи ту ту низ ҷуё.

Дарун ҷумла аз ишқи гуё.

Ҷамолат партаве дар олам андохт,

Хуруше дар ниҳоди адами андохт.

Аз аввал одамат инҷо талаб кард,

Ки Одам буд аз ту соҳиб дард.

Чу бинмуди ҷамоли хуб ба Одам.

Варо гуфти ба худ сирри дамодам.

Каромат додиаш дар ошноӣ,

Зи нурат ёфт инҷо равшаноӣ.

Ки донад сирри ту чун ҳам ту донӣ,

Гаҳе пайдо шави гоҳе ниҳонӣ.

Гаҳе пайдо шави дар рафъати худ,

Гаҳе пинҳон шави дар қурбати худ.

Гаҳе пайдо шави андар сифотат,

Гаҳе пинҳон шави дар суи зотат.

Гаҳе пайдо шави чун нури Хуршед,

Гаҳе пинҳон шави дар ишқи ҷовид.

Гаҳе пайдо аз ишқ чун моҳ,

Гаҳе пинҳон шави дар ҳафт хиргоҳ.

Зи пайдоии худ пинҳон бимони,

Зи пинҳонии худ пинҳон бимонӣ.

Баҳри кисват ки мехоҳи бароӣ,

Заҳри нақше ки мехоҳи наоӣ.

Ту эй ҷони ҷон эй дар ҷони ҳақиқат,

Ҳамон дар пардаат пинҳон ҳақиқат.

Чи чизе ту ки нанмои рухи хеш,

Чу дам дам медами мон посухи хеш.

Ту он нуре ки андар ҳафт афлок,

Ҳаме гашти бигард курраи хок.

Ту эй нуре ки дар хуршеди эй ҷон,

Азон дар ҷузу кул ҷовиди эй ҷон.

Ту он нуре ки дар моҳиву анҷум,

Зи нурат моҳу анҷум мешавад гум.

Ту он нуре ки лам тасасҳун нору,

Даруни ҷону дил дардеву дору.

Ту он нуре ки аз ғайрат фурузи,

Вуҷуди ошиқони худ бисузи.

Ту он нуре ки аъёни вуҷуди,

Аз он пайдову пинҳони вуҷуди.

Ту он нуре ки чун они падидор,

Бисузони зи ғайрат ҳафт паргор.

Ту он нуре ки ҷони анбиёи,

Намуди авлиёву асфиёи.

Ту он нуре ки шамъи раҳ равони,

Ҳақиқат равшании ҳар равони.

Зи нурат ақл ҳайрон монда инҷо,

Зи шарми хеш нодон монда инҷо.

Чу дар вақти баҳор ои падидор,

Ҳақиқат парда бардори зи рухсор.

Фуруғи руят андози суи хок,

Аҷоиб нақшаҳо сози суи хок.

Баҳору настаран пайдо намояд,

Зи руят ҷуши гул ғавғо намуда.

Гула аз шавқи ту хандон дар баҳор аст.

Аз онан рангҳои бешумор аст.

Наҳи бар фарқи наргис тоҷе аз зар,

Фишони бар сари ӯ зи абри гавҳар.

Бунафша хирқапуши хонқоҳат,

Фиганда сар бибар аз шавқи роҳат.

Чу савсан шукр гуфт аз ҳар диноат,

Аз он афрохт сар суи ҷаҳонат.

Зи ишқат лола ҳар дам хуни дил хурд,

Аз ин мондаст дил пурхуну рухи зард.

Ҳама аз шавқи ту ҳайрон бароянд,

Ба суи хоки ту резон дароянд.

Ҳар он васфе ки гуям пеш аз они,

Яқин донам ки бешак ҷони ҷони.

Туи чизе дигар инҷо надонам,

Баҷуз зоти туро якто надонам.

Ҳама ҷоно туи чи нест чи ҳаст,

Надидам ҷуз ту дар гуии пайваст.

Зи ту бедораму аз хеш ғофил,

Маро ё раб тавони кард восил.

Манам аз дарди ишқат зору маҷруҳ,

Туи ҷоно ҳақиқат қувваи рӯҳ.

Манам ҳайрону саргардони зотат,

Фурумонда ба дарёи сифотат.

Манам дар висолатро талабгор,

Дарин дарё бимондастам гирифтор.

Дар ин дарё бимондам ногаҳон ман,

Надорам ҷуз ба сӯи ту раҳи ман.

Раҳам бинмой то дурри висолат,

Бадаст орам зи дарёи ҷалолат.

Туи гавҳар даруни баҳри бешак,

Туи дар ишқи лутфу қаҳри бешак.

Ҳама аз буди туст эй ҷавҳари зот,

Ки рух бинмудаи дар ҷумлаи зот.

Ҳама аз ишқи ту ҳайрону зоранд,

Баҷуз ту дар ҳама олам надоранд.

Ниҳону ошкорои ту дар дил,

Ҳама ҷоиву беҷои ту дар дил.

Дил инҷо хонаи зоти ту омад,

Намуди ҷумлаи зарроти ту омад.

Дил инҷо хонаи рози ту бошад,

Аз он дар сузу дар сози ту бошад.

Ту ганҷи дар дили ушшоқи ҷоно,

Ҳама бар ганҷи ту муштоқи ҷоно.

Насибе деҳ зи ганҷи худ гадоро,

Навои деҳ балутфи бенаворо.

Гадои ганҷи туст Аттор,

Ту бахшиди мар ӯро ганҷи асрор.

Ту мехоҳад зи ту эй ҷон ҳақиқат,

Ки дар хешаш куни пинҳон ҳақиқат.

Ту мехоҳад зи ту ҳар дам бизори,

Сазад гар кори ӯ инҷо барори,

Ту мехоҳад зи ту дар шодмони.

Ки сер омад дилаш зин зиндагони.

Ту мехоҳад зи ту дар ҳар ду олам,

Зи ту гуяд ба ту рози у дамодам.

Ту мехоҳад зи ту торих намои,

Варо аз ҷону дил посух намои.

Ту мехоҳад зи ту инҷо ҳақиқат,

Ки бинмои баду пайдо ҳақиқат.

Ту мехоҳад зи ту то роз бинад,

Туро дар ганҷи ҷони ӯ боз бинад.

Ту мехоҳад зи ту дар куи дунё,

Ки бинад рӯи ту дар суи дунё.

Ту мехоҳад зи ту дар кулли асрор,

Ки бинмои дар анҷомаш ту дидор.

Ту мехоҳад зи ту эй зоти бечун,

Ки бинад зотат эй ҷон бечиву чун.

Чунон дармондаам дар ҳазрати ту,

Надорам тоби диди қурбати ту.

Шабу рузам зи ишқат зор монда,

Багарди хеш чун паргор монда.

Талабгори туам дар ҷону дар дил,

Набошам як дам аз ёди ту ғофил.

Ту дар ҷони ҳамеша ҳозир эй дуст,

Туи мағзу манам инҷойгаҳ пуст.

Дили Аттор хун шуд дар ин роҳ,

Ки то шуд аз висоли дуст огоҳ.

Кунун чун дар яқинам роҳ доди,

Маро инҷо диле огоҳ доди.

Баҷуз васфат нахоҳам кард эй ҷон,

Агар комам нахоҳи дод инҷо,

Зи дасти ту кунам фарёд инҷо.

Маро ҳам додаи уммеди фазлат,

Ки бинмои маро дар ишқи васлат.

Ҳамон васли ту мехоҳам ман аз ту,

Ки гардонам дилу ҷон равшан аз ту.

Ту хуршедию ман чун соя бошам,

Дар инҷо бо ту ман ҳамсоя бошам.

На, охир сояи худ маҳв ори,

Чу нури ҷовидониро ту дори.

Дилам хун гашт дар дарёи уммед,

Бимондам зору нопарвои уммед.

Бавасли хун даме бахшоишам деҳ,

Зи дардам як нафас осоишам деҳ.

Ту уммеди мани даргоҳу бегоҳ,

Кунун аз кардаҳо астағфируллоҳ.

Ту уммеди мани дар айни тоат,

Маро бахшо зи нури худ саодат.

Ту уммеди мани андар қиёмат,

Надорам гарчи ҷуз дарду надомат.

Ту уммеди мани андар сиротам,

Ба фазли хештан бахши наҷотам.

Ту уммеди мани дар пои мизон,

Ба лутфи хеш бахше ҷурму исён.

Чунон дар дасти нафсам боз монда,

Чу гунҷишки бадасти боз монда.

Маро ин нафси саркаш хор кардаст,

Шабу рузам ба ғам афгор кардаст.

Маро зин саг амоне деҳ дар ин роҳ,

Зи диди хештан гардонаш огоҳ.

Ғами ишқи ту хурдам ҳам ту дони,

Шабу рӯз андарин дардам ту дони.

Зи дарди ишқи ту зору забунам,

Бимонда андарин ғарқоби хунам.

Давои чора кун зин дард моро,

Зи лутфи худ магардон фард моро.

Дар он дам кин дамам аз ҷон барояд,

Маро он лаҳза дидори ту ояд.

Маро он дидори худ он лаҳза бинмой,

Гиреҳ якпорагиам аз кор бигшой.

Бимурдам пеш аз он кинҷо бимирам,

Дар ин сир бош ё раб дастгирам.

Чароғи пеш дорам он замон ту,

Ки хоҳи бурдам аз руи ҷаҳон ту.

Ту медони ки ҷуз кас надорам,

Баҷуз зоти ту эй ҷон бас надорам.

Туи бас ин ҷаҳону он ҷаҳонам,

Туи мақсуди кулли зину онам.

Илоҳи бар ҳама донои розӣ,

Бафазли худ зи ҷумла бениёзӣ.

Илоҳӣ ҷуз дарат ҷое надорем,

Куҷо тозем чун пое надорем.

Илоҳӣ ман киам инҷо, гадоӣ,

Миёни дустонат ошноӣ.

Илоҳӣ ин гадо бас нотавонаст,

Бадаргоҳи ту муште устухонаст.

Илоҳӣ ҷони Аттораст ҳайрон,

Аҷаб дар оташи меҳри ту сузон.

Дилам хун шуд зи муштоқи ту донӣ,

Маро фони куну боқи ту донӣ.

Фанои мо бақои туст охир,

Туи бар ҷуззу кул пайваста нозир.

Ту боши ман набошам ҷовидони,

Намонам ман дар охир ҳам ту монӣ.

Аттори Нишопурӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст