Дарёи хаёлему наме нест дар инҷо,

Ҷуз ваҳми вуҷуду адаме нест дар инҷо.

Рамзи ду ҷаҳон аз варақи оина хондем,

Ҷуз гарди таҳайюр рақаме нест дар инҷо.

Олам ҳама миногари бедоди шикаст аст,

Ин турфа ки санги ситаме нест дар инҷо.

То сунбули ин боғ ба ҳамвории ранг аст,

Ҷуз каҷназарӣ печу хаме нест дар инҷо.

Бар неъмати дунё чи ҳавасҳо ки напухтем,

Ҳарчанд ғизо ҷуз қасаме нест дар инҷо.

Барҳам назани силсилаи нози каримон,

Муҳтоҷ шудан бекараме нест дар инҷо.

Гирди ҳашами бекасиат сахт баланд аст,

Аз хеш бурун о аламе нест дар инҷо.

Мо бехабарон қофилаи дашти хаёлем,

Ранг аст ба гардиш, қадаме нест дар инҷо.

Аз ҳайрати дилбанд ниқоби ту гушудем,

Оинагари кори каме нест дар инҷо.

Бедил ману бекориву маъшуқтарошӣ,

Ҷуз шавқи бараҳман, санаме нест дар инҷо.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст