Эй подшаҳи хубон дод аз ғами танҳоӣ,

Дил бе ту ба ҷон омад вақт аст ки боз оӣ.

Доим гули ин бустон шодоб намемонад,

Дарёб заъифонро дар вақти тавоноӣ.

Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳаме кардам,

Гуфто ғалате бугзор з-ин фикрати савдоӣ.

Сад бод сабо инҷо бо силсала мерақсанд,

Ин аст ҳариф эй дил то бод напаймоӣ.

Муштоқиву маҳҷури дур аз ту чунонам кард,

К-аз даст бихоҳад шуд поёби шакебоӣ.

Ё Раб ба ки шояд гуфт ин нуктаи ки дар олам,

Рухсора ба кас нанмуд он шоҳиди ҳар ҷоӣ.

Соқи чамани гулро беруи ту ранге нест,

Шамшод хиромон кун то боғ биёроӣ.

Эй дарди туам дармон дар бистари нокоми,

В-ей ёди туам мунис дар гушаи танҳоӣ.

Дар доираи қисмат мо нуқтаи таслимем,

Лутф ончи ту андеши ҳукм ончи ту фармоӣ.

Фикри худу рои худ дар олами ринди нест,

Куфр аст дар ин мазҳаб худбиниву худроӣ.

Зин доираи мино хунин ҷигарам май деҳ,

То ҳал кунам ин мушкил дар соғари миноӣ.

Ҳофиз шаби ҳиҷрон шуд буи хуши васл омад,

Шодит муборак бод эй ошиқи шайдоӣ.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст