Бахоб омад маро тифли ҷанине,

Бигуфто модарамро гар бубинӣ.

Бигӯ модар хато аз ман чи дидӣ,

Ки беҷурмам ба хунам дар кашидӣ.

Дарунат кудаке ором будам,

Куҷо маҳкум бар эъдом будам.

Ба меҳмон боядат меҳмоннавозӣ,

На бераҳмонааш нобуд созӣ.

Ту фикри харҷу барҷамро намудӣ,

Зи ҷисми кӯчакам ҷон дар рабудӣ.

Маро рӯзе ба ҳамроҳ буд модар,

Вале афсус нанмудӣ ту бовар.

Умедам буд рӯятро бубинам,

Гуле аз гулшани рӯят бичинам.

Дилам мехост пистонат занам чанг,

Ғамат берун намоям аз дили танг.

Дилам мехост аз шират бинушам,

Садои модарам ояд ба гушам.

Умедам буд лабханде бубинӣ,

Канори тахти хобам хуш нишинӣ.

Маро дар дарси устодам фиристӣ,

Диҳад таълими дарси ҳақпарастӣ.

Биёям аз дару шодат намоям,

Суруди кудакон баҳрат сароям.

Умедам буд гардам ман ҷавоне,

Замони пириат қадрам бидонӣ.

Замони пириат ғамхор бошам.

Ба ҳар коре бароят ёр бошам.

Ман инак руҳи покам дар ҷинон аст.

Маконам дар канори ҳуриён аст.

Ту акнун тавба кун то ашкат ояд,

Худои меҳрубон раҳмат намояд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст