Ба номи Худо

Кай рафтаӣ зи дил, ки таманно кунам туро.

Кай будаӣ нуҳуфта, ки пайдо кунам туро.

Ғайбат накардаӣ, ки шавам толиби ҳузур,

Пинҳон нагаштаӣ, ки ҳувайдо кунам туро.

Бо сад ҳазор дида тамошо кунам туро.

Болои худ дар оинаи чашми ман бубин,

То бохабар зи олами боло кунам туро.

Мастона кош дар ҳараму дер бигзарӣ,

То қиблагоҳи мӯъмину тарсо кунам туро.

Хоҳам шабе ниқоб зи рӯят барафканам,

Хуршеди Каъба, моҳи калисо кунам туро.

Гар афтад он ду зулфи чалипо ба чанги ман,

Чандин ҳазор силсила дар по кунам туро.

Тубову сидра гар ба қиёмат ба ман диҳанд,

Якҷо фидои қомати раъно кунам туро.

Зебо шавад ба коргаҳи ишқ, кори ман

Ҳаргаҳ назар ба сурати зебо кунам туро.

Расвоии оламе шудам аз шури ишқ,

Тарсам Худо нахоста расво кунам туро.

Фуруғии Бастомӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст