28 сафари соли 11 ҳиҷрии қамарӣ солрӯзи реҳлати Хотамуннабийин, Афзалулмурсалин, Сайидино ва Набийино ҳазрати Муҳаммади Мустафо(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро барои ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ва озодагони олам таслият мегӯем.

Ё Расулаллоҳ(с)!

Ё Расулаллоҳ! Басе дармондаам.

Бод бар каф, хок бар сар мондаам.

Бекасонро кас туӣ дар ҳар нафас.

Ман надорам дар ду олам ҷуз ту кас.

Як нафас сӯи мани ғамхора кун.

Чораи кори мани бечора кун.

Гарчи зоеъ кардаам умр аз гуноҳ,

Тавбакарди узри ман аз ҳақ бихоҳ.

Гар зи "Ло таъман" бувад тарсе маро,

Ҳаст аз "Ло тайасу" дарсе маро.

Рӯзу шаб биншаста дар сад мотамам,

То шафоатхоҳ бошӣ як дамам.

Аз дарат гар як шафоат даррасад,

Маъсиятро муҳри тоат даррасад.

Эй шафоатхоҳи муште тирарӯз,

Лутф кун шамъи шафоат барфурӯз,

То чу парвона миёни ҷамъи ту,

Парзанон оем, пеши шамъи ту.

Ҳар ки шамъи ту бубинад ошкор,

Ҷон ба табъи дил диҳад парвонавор.

Дидаи ҷонро лиқои ту бас аст.

Ҳар ду оламро ризои ту бас аст.

Доруи дарди дили ман меҳри туст.

Нури ҷонам офтоби чеҳри туст.

Ҳоҷатам он аст эй олигуҳар!

К-аз сари фазле кунӣ ба ман назар.

З-он назар дар бенишонӣ дориям.

Бенишонӣ, ҷовидонӣ дориям.

З-ин ҳама пиндору ширку турраҳот,

Пок гардонӣ маро эй зоти пок.

Аз гунаҳ рӯям нагардонӣ сиёҳ,

Ҳаққи ҳамномии ман дорӣ нигоҳ.

Муқаддимаи Мантиқуттайри Шайх Муҳаммад Фаридуддин Аттори Нишопурӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст