2-майи-2012 баробар бо 13-урдибиҳишт, 10-ҷимодисонӣ, рӯзи шуруъ ба кори

25-УМИН НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБИ ТЕҲРОН.

Бар асоси гузориши хабаргузории ИРНО, дар пайи баргузории нишасти ҳамоҳангикунандаи ҳайати баргузоркунанда, қарор шуд ин маросими илмӣ фарҳангӣ аз рӯзи 2-юми моҳи май, то 22-юми ҳамон моҳ, дар маҳалли Мусаллои имом Хумайнӣ(рҳ) дар шаҳри Теҳрон баргузор гардад.

Намоишгоҳи Китоб, як маросими намодин ва фуруши густардаи китоб аст, ки ҳамасола аз тарафи Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷ.И. Эрон ба сурати солона баргузор мегардад. Имсол 25-мин давраи ин намоишгоҳ хоҳад буд.

Дар ин намоишгоҳ, ширкатҳои чоп ва нашр, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, ситодҳо ва гурҳҳои қуръонӣ ва пажуҳишӣ ва даҳҳо ношир ва муллифон аз саросари ҷаҳон маҳсулоти нав ва тозаи худро ироа менамоянд ва боздидкунандагон озодона метавонанд китобҳои мавриди ниёзи худро таҳийя намоянд.

Яке аз барномаҳои ин намоишгоҳҳо, баргузории нишастҳои илмӣ, тахассусӣ, саволу ҷавоб, қуръонӣ ва муносибатӣ мебошад, ки тавассути мудирияти он анҷом мегирад.

Имтиёзи вижаи ин намоишгоҳ, ҳузури китобҳои гуногун аз мазоҳиб ва афкори зиндаи имрӯз ва дирӯз аст, ки имкони интихобро барои ҳама муҳайё менамояд, то муштариён ниёзҳои худро дар як макон тамошо ва таҳийя намоянд.

НУРИ ТОҶИКОН

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст