50 кишвар дар мусобиқоти қуръонии Кувайт ширкат доранд.

Муовини Вазорати авқоф ва умури исломии Кувейт аз мушорикати 50 кишвари ҷаҳон дар мусобиқоти байналмилалии ҳифз, қироат ва таҷвиди Қуръони карим мавсум ба “Ҷоизаи Кувейт” хабар дод.

Ба гузориши IQNA, ба нақл аз рӯзномаи Алқабас, чопи Кувейт, Одил ал-Фаллоҳ, муовини Вазорати авқоф ва умури исломии Кувейт, дар нишасти матбуотии вижаи мусобиқоти байналмилалии ҳифз, қироат ва таҷвиди Қуръони карими Кувейт, баён кард: аз 56 кишвар барои ширкат дар мусобиқот даъват шудааст, ки 50 кишвар барои ҳузур дар рақобатҳо эъломи омодагӣ карданд.

Одил ал-Фаллоҳ дар идома бо ишора ба ҳузури 90 нафар иштироккунанда дар ин мусобиқот фазуд: 46 кишвари ширкаткунанда дар мусобиқот исломӣ ҳастанд ва чаҳор кишвар ғайриисломӣ дар ин рақобатҳо ҳузур доранд.

Ал-Фалоҳ ҳачунин ёдовар шуд, мусобиқоти байналмилалии ҳифз, қироат ва таҷвиди Қуръони карим “Ҷоизаи Кувейт” 11-уми апрел шурӯъ шуда ва то 18-уми апрел идома дорад ва ҷоизаи ин рақобатҳо 114-ҳазор динори кувейтӣ хоҳад буд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст