Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA

Иди Қурбон, пуршукӯҳтарин гузашт муборак бод.

Худо он миллатеро ёд бодо,

Ки хифзи дину оин кор бодо.

Муборак иди Курбон бар касе бод,

Ки соҳибмазхабу диндор бодо!

 

 

Иди Қурбон, пуршукӯҳтарин гузашт ва зеботарин ҷилваҳои тааббуд дар баробари Холиқи Якто бар шумо муборак бод.

Он рӯз, ки Иброҳим(а) бо поҳои ларзон аммо қалби мутмаин фарзандаш Исмоил(а)-ро, ки барои доштанаш дуоҳои бисёр карда буд ба зибҳ мебурд, аз тамомии нафсониёти худ дар пешгоҳи Худованд гузашт. Агарчи дар лаҳазоти охир ба фармони Худованд теғ аз гулуи фарзанд баркашид ва гӯсфанди фиристодашуда аз сӯи парвардгорашро қурбонӣ кард аммо имтиҳонеро, ки бояд медод пас дод ва ҳамроҳ бо хушнудии Худованд аз парҳезкории бандааш, ӯ низ аз сарбаландӣ дар имтиҳон сархуш буд ва агар имрӯз низ роҳиёни зиёрат хонаи Худованд дар рӯзи даҳуми зулҳиҷҷа ба маслаки Паёмбари Яктопарастон, ки имзои Паёмбари Исломро низ ба ҳамроҳ дорад,мгӯсфандеро дар пешгоҳи Худованд қурбонӣ мекунанд, дар ҳақиқат теғ бар гулӯи нафсониёт ва хоҳишҳои дунявии худ гузошта ва гоме дар ҷиҳати қурби илоҳӣ бар медоранд.

Пас бо фаро расидани даҳуми зулҳиҷҷа иди саиди Қурбон, рӯзи эъломи тақаррубҷӯстан ба пешгоҳи Худоро ба тамомии мусалмонон ва яктопарастони ҷаҳон табрик мегӯем.

Ҳамзамон бо иди Қурбон дилатро қурбонии муҳабат, ишқ, самимият ва меҳрубонӣ бикун.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст