Ҳузури Сафири Тоҷикистон дар оромгоҳи Камолӣ Хуҷандӣ

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳури исломии Ирон бо Ҳузури худ дар оромгоҳи Камолӣ Хуҷандӣ  аз фарҳанг дӯстии ирониён ва таваҷҷӯҳи давлат ба ҳунар, таҷлил ва қадрдони кард. Давлатали Ҳотамов сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳури исломии Ирон  бо ҳузур дар оромгоҳи Камолӣ Хуҷандӣ шоир ва орифи бузург Тоҷик, ки дар Табрез дафн шуда аст зимни еҳтиром ба Камолӣ Хуҷандӣ гуфт: Ин ки Камолӣ  Хуҷандӣ дар Табрез, ки маҳди фарҳанг ва ҳунар ва адаб аст мадфун мебошад мояи оромиши хаёли шахси ман аст. Вай афзуд: Раҳбарии Ирон мудаббирона ва олимона аст ва таваҷҷӯҳ раиси ҷумҳури Ирон ба умури фарҳангӣ ва ҳунарӣ ҳоизи таваҷҷӯҳ буда ва қобили тақдир аст.
Камолӣ Хуҷандӣ  шоири номовари Тоҷик пас аз бозгашт аз сафари ҳаҷ, дар Табрез мондагор шуд ва мавриди таваҷҷӯҳи ҳокимони  вақт  буд. Оромгоҳи вай дар боғчае, ки аз сӯи султон Ҳусейни Ҷалоири ба вай дода шуд ки дар Билон Кӯҳи Табрез воқеъ мебошад.  Камолиддин Беҳзод  нақош маъруф  дар канори Камолӣ Хуҷандӣ  дафн шуд аст  ва ин маҳал имрӯз ба (ду Камолӣ ) маъруф аст.
манбаъ: хабарнигор Кайҳон.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст