Панҷҳазору пансад нафар, имсол ҳоҷӣ мешаванд;

Бар асоси гузориши сомонаҳои хабарӣ, Абдурраҳим Холиқуф раиси кумитаи дини Тоҷикистон, рузи сешанбе дар як нишасти матбуъотӣ, бо эъломи ин хабар изҳор гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба саҳмияи ихтисосёфта аз суйи вазорати ҳаҷҷи Арабистон, имсол панҷҳазору 500 нафар аз шаҳрвандони мусалмони Тоҷикистон баройи анҷоми фаризаи ҳаҷ эъзом мегарданд.

Бар асоси барномаи зиёратии Арабистон, ҳар кишвар қариб ба ҳашт дарсад саҳмия дорад, ки Тоҷикистон ҳар сола беш аз 5 ҳазор нафарро барои ин маросими сиёсӣ ибодӣ эъзом менамояд.

Албатта ногуфта намонад, ки баъзе аз кишварҳо ҳатто то 13дарсад ҳам саҳмияи худро афзоиш додаанд, ки Инденазиа бо 230ҳазор ҳоҷҷӣ, Эрон бо 103ҳазор аз ин гуруҳ аз кишварҳо ҳастанд. Дар канори ин сафари фарзӣ аз ин кишварҳо садҳо ҳазор нафар дар тули сол барои ҳаҷҷӣ умра(мустаҳаббӣ) ба Арабистон сафар мекунанд.

Яке аз вазифаҳои давлатдорон дар кишварҳои исломӣ, ҳамоҳангӣ ва эъзоми мусалмонон ба Ҳаҷ аст, ки баъзе аз кишварҳо ин масъаларо ба беҳтарин шароит ва масъулиятшиносӣ анҷом медиҳанд ва дар он сарзамини ваҳй беҳтарин хидматҳоро барои ҳамватанони худ муҳайё мекунанд. Тоҷикистон ҳам дар солҳои охир бо рушди тавоноиҳо ва коршиносиҳои масъулини ин ниҳодҳо, шароити ҳоҷиёни худро беҳтар намудааст ва ҳарсол беҳтар аз соли қабл гаштааст, ҳарчанд ҳануз ҷои кору талош зиёд аст ва бояд барои ин инсонҳое, ки бо харҷи пулу моли худ барои анҷоми фарзи илоҳӣ ва баҳрабарӣ аз маънавиятҳои он сарзамини ваҳй сафар мекунанд ва ба масъулини худ бовар карда пули худро дар ихтиёрашон мегузоранд , беҳтарин шароит ва заминаҳои беҳтаринро омода кунанд, ки ин кор ҳам барои он азизон савобу хайр аст ва ҳам барои муаррифии кишвари азизамон дар саҳнаи байналмилал бисёр таъсир гузор хоҳад буд.

Агар фарз кунем, дар як бозии футбол, аз сад кишвар ва садҳазор нафар ҷамъ гарданд, дар Ҳаҷ аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, чи хурду чи калон, милёнҳо нафар ҷамъ мегарданд ва бо дидану шинидани забонҳо ва фарҳангҳои ҳамдигар як моҳро дар он сарзамин мегузаронанд.

Агар битавонем дар он сарзамин Тоҷикистон ва Тоҷикро бо фарҳанги асосӣ ва ҳақиқии худ, ки ҳамоно ҳамнавъдустӣ ва эҳсону хушрафторӣ ва назофату тамизӣ аст, ба онҳо намоиш диҳем, чӣ басо аз ҳазорон милён харҷе ки бо телевизюн ва ё дигар роҳҳо анҷом мешавад барои кишвару миллатамон беҳтар бошад.

Бале, дар ин сарзамин ва дар тули як моҳ, милёнҳо инсон ҷамъ мегарданд ва ҳамидгарро аз боло ва поини он маконҳо ба назора мешинанд ва бо дидану хондани либосу навиштаҳои руйи он, кишварҳои гуногунро мешиносанд.

Пас биёем, ҳам ҳоҷиёни азиз ва ҳам масъулини ин ниҳоди муҳим, вазифаи худро беҳтар бишносем ва беҳтар амал кунем, то ҳар сол боз беҳтар аз гузашта, амалҳои фарзӣ ва мустаҳабии худро анҷом ва миллату давлати худро ҳам бо номи нек муаррифӣ намоем.

Лаббайкаллоҳумма лаббайк, Лаббайка ло-шарика лака лаббайк

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст