27-Раҷаб, мабъаси Паёмбари Аъзам(с) муборак бод

Шуруи 28-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим; бар асоси гузориши риёсати Созмони авқоф ва умури хайрияи Ҷ.И.Эрон, қарор аст асри рӯзи чоршанбе - шаби иди мабъаси Расули Худо(с) бо суханронии раиси ҷумҳури Эрон ҷаноби Маҳмуд Аҳмадинажод дар ҳузури намояндагони беш аз 60 кишвар, оини расмии ин мусобиқот шуруъ шавад.

Дар ҳамин гузориш омадааст; имсол аз назари кайфият ва барномаҳо, сатҳи мусобиқот болотар аст ва қориёни бартари беш аз 60 кишвар ҳузур доранд. Ҳамчунин дар ин давра як бахш ба унвони пажуҳишҳои қуръонии муҳаққиқони кишварҳои мухталиф барқарор аст, ки беш аз 520 мақолаи пажуҳишӣ дар он ширкат дода шудааст.

Ба гуфтаи оқои Муҳаммадӣ риёсати ин созмон; яке аз барномаҳои муҳими ин давра ҳамоиши БОНУВОНИ ФАЪОЛИ ҚУРЪОНӢ аст, ки 28 нафар аз бонувони фаъоли илмӣ, фарҳангӣ, пажуҳишӣ ва расонаӣ бо меҳварияти Қуръони Карим ширкат хоҳанд намуд.

Ҳамчунин қарор аст дар ин давра аз Тоҷикистон ду нафар аз қориёни донишҷуи ҷавон, ки дар солҳои гузашта соҳиби мақом будаанд ширкат намоян.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст