Бар асоси гузориши хабаргузориҳои қуръонӣ, яке аз қориён ва ҳофизони маъруфи Миср, ки солҳо дар саҳнаҳои қироат ва барномаҳои қуръонӣ  дурахшида ва сабку равишҳои хосси худро эҷод ва барои ҷомеаи қуръонӣ пешкаш намудааст, аз дунё гузашт.

Абул-Айнайн Шуъайшаъ дар соли 1922м дар шаҳри Било - Кафаршайх, Миср ба дунё омад. Ӯ дар кудакӣ ҳофизи Қуръон шуд ва дар ҷашне, ки дар Ал-Мансура(1963м) баргузор шуд ва қироате дошт шинохта шуд.

Ӯ дар соли 2008м ҳамчун талошгар ва ходими Қуръон муаррифӣ ва ба унвони ЯК УМР ТАЛОШИ ҚУРЪОНИИ ОСМОНИЁН аз тарафи Ҷ.И.Эрон лавҳи тақдир гирифтааст.

Шуъайшаъ яке аз розҳои тавфиқоти худро тарс аз Худо ва эҳтиром ва пойбандӣ ба Қуръон медонад ва мегуяд; Ҳамеша аз Худо хостаам то вақте зиндаам манро аз хидмат ба китоби Худо маҳрум накунад.
Абул-Айнайн Шуъайшаъ бо як умр тиловати зебои Қуръон ва парвариши руҳу равони мусалмонон, дар моҳи Раҷаб (2011М), наздик ба айёми беъсати расули Худо(с),  дар сини 89 солагӣ чашм аз ҷаҳон баст ва ба лиқои соҳиби Китоб шитофт.


Худояш бо ҳофизони ҳақиқии Қуръони Карим маҳшураш намояд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст