الا من اشتاق الی الله فلیستمع کلام الله

Расули Аъзам(с): Огоҳ бошед! ҳар кас муштоқи Худо шавад, пас каломи Худоро гӯш кунад.

 Бар асоси гузориши идораи авқоф ва умури хайрияи Ҷ.И.Эрон, аз таърихи 29/6/2011м баробар бо 26-уми Раҷаб 1432қ, ба муносибати айёми беъсати Расули Худо(с) 28-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон шуруъ мегардад.

 Мусобиқоти Қуръони карим ҳамасола дар Ҷ.И.Эрон бо ширкати қориёни Қуръон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор мегардад, ки имсол 28-умин давраи он хоҳад буд.

 Қобили ёдоварӣ мебошад, ки дар солҳои гузашта, Тоҷикистон бо қориёни ҷавони худ дар ин мусобиқот ширкати фаъол дошта ва ҷойгоҳҳои арзандаеро касб намудааст.

  Бар асоси гузоришҳои расида, қарор аст ду нафар аз ҷавонони донишҷу ва қории Қуръон аз Тоҷикистон дар ин мусобиқот ширкат ва иншоаллоҳ бори дигар дар ин саҳнаи байналмилалӣ кишвари азизамонро муаррифӣ намоянд.

Сомонаи Нури Тоҷикон барои ин азизон орзуи саломатӣ ва сарфарозӣ дорад

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст