Нигоҳи Ғарб ба ҷойгоҳи зан иштибоҳ аст

Раҳбари Эрон мегӯяд, дидгоҳи нодурусти Ғарб нисбат ба ҷойгоҳ ва шаъни зан дар ҷомеаи ғарбӣ, мунҷар ба бурузи мушкилоти бешуморе шудааст.

Ба гузориши Presstv, Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи рӯзи якшанбе (22.05.2011) дар дидор бо шуморе аз занони фарҳехтаи Эрон, мабнои мушкилоти дунёи имрӯз дар мавриди масъалаи занро нигоҳи ғалати Ғарб ба ҷойгоҳ ва шаъни зан дар ҷомеа ва каҷфаҳмӣ нисбат ба мавзӯи хонавода баршумурд ва таъкид кард: “Ин ду мушкил мӯҷиб шудааст, ки мавзӯи зан дар дунё ба як бӯҳрон табдил шавад.”

Вай дар ташреҳи нигоҳи золимонаи Ғарб ба зан афзуд: “Дар номуодилае, ки Ғарб тадриҷан дар ҷомеаҳои мухталиф таблиғ ва илқо кардааст, башарият ба ду бахш тақсим мешавад: мардон, ки тарафи зинафъ ба шумор меоянд ва занон, ки тарафи мавриди интифоъ ва мавриди истифода ҳастанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо истинод ба гузоршҳои марокизи расмии ҷаҳонӣ, суст шудани бунёни хонавода, рушди сареъи тиҷорати шармовар ва риққатбори занон, падидаи кӯдакони номашрӯъ ва зиндагиҳои муштарак аммо бидуни издивоҷро аз паёмадҳои шуми нигоҳи мубтанӣ бар суистифодаи Ғарб ба мақулаи зан донист ва афзуд: “Ҷумҳурии Исломӣ бояд ба таври сареҳ ва бидуни пардапӯшӣ, мабонии ғалати Ғарб дар мақулаи занро мавриди ҳуҷум ва интиқоди ҷиддӣ ва бевақфа қарор диҳад ва ба масъулияти худ дар дифоъ аз ҷойгоҳ ва шаъни ҳақиқии занон амал кунад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, таҳаққуқи дидгоҳ ва хостаи ислом дар бораи зан ва хонаводаро ниёзманди пуштвонаи қонунӣ ва замонати иҷроӣ хонд ва хотирнишон кард: “Бо вуҷуди ҳамаи корҳое, ки пас аз инқилоб анҷом шудааст, ҳанӯз дар бораи зан ва рафтор дар муҳити хонавода, камбудҳои зиёде вуҷуд дорад, ки бояд бартараф шавад.”

Вай таъкид кард: “Муҳити хонавода барои зан бояд муҳите амн, боиззат ва оромишбахш бошад, то зан битавонад вазифаи аслии худро, ки ҳифзи хонавода аст, ба беҳтарин ваҷҳ анҷом диҳад.”

Кимиёи саодат

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст