Нигаронии Тоҷикистон аз бознашри танзҳо ба Паёмбари Ислом(с)

Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси раҳбари гурӯҳи кишварҳои узв дар Созмони Конфаронси Исломӣ аз эҳтимоли бознашри китобе бо тасвирҳои танзомези Паёмабри Ислом(с) дар Норвегия изҳори нигаронӣ кардааст. Интизор меравад, интишороти “Капелен Дам” китоби “Ҷабри сукут”-ро ба нашр нарасонад. Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал бо номае ба Дабири кулли ин созмон Бан Ки-мун ва раиси Маҷмаи умумии Созмони Милал Йозеф Дайс муроҷиат карда, хостори ҷилвагирӣ аз бознашри тасвирҳои танзомезе шавад, ки дар соли 2005 дар нашрияи “Ҷиляндс-Постен” ба табъ расида, боиси эътирозҳои густарда дар олами Ислом шуданд. Дар ин эътирозҳо зиёда аз 150 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Манбаъ:  www.ozodi.org

Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA MicrosoftInternetExplorer4

Тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст