چاپ

 

Васияти бузургонро мавриди мутолиа қарор додан ва аз онҳо дарси ибрат гирифтан кори писандидае аст. Яке аз шахсиятҳои бузурги ҷаҳони ислом ҳазрати Ал(к) аст, ки дар охирин дами ҳаёти худ васияте кардаанд ки чунин аст:

Ин он чизе аст ки Алӣ писари Абутолиб васият мекунад: Ба ваҳдоният ва ягонагии Худо гувоҳи медиҳад ва иқрор мекунад ки Муҳаммад банда ва пайғамбари ӯст, Худо ӯро фиристода то дини худро бар дигар адён пирӯз гардонад. Ҳамоно намоз, ибодат, ҳаёт ва зиндагонии ман аз они Худост. Шарике барои ӯ нест, ман ба ин амр шудаам ва аз таслим шудагони ӯям.

Фарзандам Ҳасан! Ту ва ҳамаи фарзандон ва аҳли байтам ва ҳар касро ки ин навиштаи ман ба ӯ мерсадаро ба умури зейл тавсея ва суфориш мекунам:

1.Тақвои илоҳиро ҳаргиз аз ёд набаред, кушиш кунед то дами марг бар дини Худо боқи бимонед.

2.Ҳама бо ҳам ба ресмони Худо чанг бизанед ва бар мабнои имон ва Худошиноси муттафиқ ва муттаҳид бошед ва аз тафриқа бипарҳезед, пайғамбар фармуд:

Ислоҳ миёни мардум аз намозу рӯзаи доим афзал аст ва чизе ки динро маҳв мекунад, фасод ва ихтилоф аст.

3.Ирҳом ва хешвовандонро аз ён набаред, силаи раҳим кунед ки силаи раҳим ҳисоби инсонро назди Худо осон мекунад.

4.Худоро! Худоро! Дар бораи ятимон, мабодо гурусна ва бесарпараст бимонанд.

5.Худоро! Худоро! Дар боари ҳамсоягон, пайғамбар он қадар суфориши ҳамсоягонро фармуд ки мо гумон кардем мехоҳанд онҳоро дар ирс шарик кунад.

6.Худоро! Худоро! Дар бораи Қуръон, мабодо дигарон дар амал кардан, бар шумо пеши бигиранд.

7. Худоро! Худоро! Дар бораи намоз, намоз пояи дини шумост.

8.Худоро! Худоро! Дар бораи Каъба, хонаи Худо, мабодо ҳаҷ таътил шавад, ки агар ҳаҷ матрук бимонад, муҳлат дода нахоҳед шуд ва дигарон шуморо туъмаи худ хоҳанд кард.

9. Худоро! Худоро! Дар бораи ҷиҳод, аз молу ҷони худ дар ин роҳ музоиқа (дареғ) накунед.

10. Худоро! Худоро! Дар бораи закот, закот оташи хашми илоҳиро хомуш мекунад.

11. Худоро! Худоро!Дар бораи зурияи пайғамбарон, мабодо мавриди ситам қарор гиранд.

12. Худоро! Худоро! Дар бораи саҳоба ва ёрони пайғамбар, Расули Худо(с) дар бораи онҳо суфориш карда аст.

13. Худоро! Худоро! Дар бориа фуқаро ва тиҳидастон, онҳоро дар зиндаги шарики худ созед.

14. Худоро! Худоро! Дар бораи парандагон, ки охирин суфориши пайғамбар дар бораи инҳо буд.

15.Дар анҷоми коре, ки ризои Худо дар он аст бикушед ва ба сухани мардум (дар сурате ки мухолифи он ҳастанд) тартиби асар надиҳед.

16.Бо мардум ба хуши ва неки рафтор кунед ва чунонки Қуръон дастур дода аст.

17.Амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро тарк накунед; натиҷаи тарки он ин аст ки бадон ва нопокон бар шумо мусаллат хоҳанд шуд ва ба шумо ситам хоҳанд кард, онгоҳ ҳар чи некони шумо дуо кунанд, дуои онҳо бароварда нахоҳад шуд.

18.Бар шумо бод бар равобити дустонаи мо байни хеш бияфзоед, ба якдигар неки кунед, аз канорагири ва қатъи иртибот ва тафриқа ва ташаттут бипарҳезед.

19.Корҳои хайрро ба мадади якдигар ва ба иттифоқ ҳам анҷом диҳед, аз ҳамкори дар мавриди гуноҳон ва чизҳое ки мавҷиби кудурат ва душмаи мешавад, бипарҳезед.

Дар анҷоми коре ки ризои Худо дар он аст бикушед ва ба сухани мардум (дар сурате ки мухолифи он ҳастанд) тартиби асар надиҳед.

20.Аз Худо битарсед ки ҷазо ва кайфари Худо шадид аст.

Худованд ҳамаи шуморо дар паноҳи худ маҳфуз бидорад ва ба уммати пайғамбар тавфиқ диҳад ки эҳтироми шумо (аҳли байт) ва эҳтироми пайғамбари худро пос бидоранд. Ҳамаи шуморо ба Худо месупорам. Салом ва дуруди ҳақ бар ҳамаи шумо.

بازدید: 3073