Анҷир, мевае аст бо хосиятҳои бисёр ки дар ҳадисҳои пизишки, таваҷҷуҳи вижае ба он шуда ва меваи муфид барои муқовимати бадан ва замонати саломати муаррифи шуда аст.
Анҷир мевае аст ки дар Қуръони Карим аз он ба неки ёд шуда ва ин каломи осмони, арзиши анҷирро нишон медиҳад. Дониши пизишки ин воқеиятро аз назари илми таъид мекунад ки анҷир меваи боарзише аст ва аз лиҳози таъмини саломати барои ҳама зарурист, чаро ки вуҷуди миқдори зиёди фосфор, ин ҳақиқатро нишон медиҳад ки анҷир дар парвариши ҳуш ва ҳофиза, бисёр муфид аст.
Саршор будани анҷир аз петосим, таъминкунандаи саломати кудакони заъиф ва камхун ва беиштиҳо аст. Вақте бидонем ки гузашта аз маводи зиндаги ва ҳаёти, анҷир ба миқдори кофи дорои анвои витамини б ва с мебошад, он вақт қабул хоҳем кард ки чаро дар китоби осмонии мо, ин мева, ин қадар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта аст.


Аз байн барандаи бӯи бади даҳон
Касоне ки аз бӯи бади даҳон ранҷ мебаранд, анҷир метавонад онро аз ин ранҷ наҷот диҳад. Имом Ризо(а) дар ин маврид фармудаанд: اَلتّینُ یَذهَبُ بِالبَخرِ؛ Анҷир бӯи бади даҳонро бартараф мекунад.
Мустаҳкам кардани устухонҳо
Камбуди калсиом метавонад ба харобии дандонҳо ва низ пукии устухон биянҷомад. Анҷир мевае аст ки ин камбудро ҷуброн мекунад ва ба мустаҳкам шудани устухонҳо кумак мекунад. Имом Ризо(а) дар ин замина фармуданд: یشّد الفم و العظم" “Анҷир, даҳону устухонро муҳкам мекунад.”


Тақвияти муҳо
Яке дигар аз хосиятҳои аҷоиби анҷир, тақвияти мӯ ва кумак ба рушди муҳои бадан аст. Имом Ризо(а) мефармояд ки анҷир, муро меруёнад. Анҷир, нерӯзо, муқавви неруи ҷисми, кумак кунанда ба ҳозима, таскиндиҳандаи ташнаги ва ҳарорат аст ва шояд ба ҳамин хотир аст ки имом Ризо(а) мефармояд: وَلایُحتاجُ مَعَهُ إِلی دَواءٍ “Бо вуҷуди анҷир, дигар шумо эҳтиёҷе ба дору надоред.”


Дармоне барои бемориҳо
Ҳамчунин имом Ризо(а) дар бораи хосияти дигари анҷир, онро барои қулинҷ, муфид шумурдаанд. Дар ин замина Муҳаммад ини Урфа мегуяд: Дар рӯзгори имом Ризо(а) ва Маъмун дар Хуросон будам. (Як бор) аз имом Ризо(а) пурсидам: Эй писари Паёмбари Худо(с), дар бораи анҷир чи мегуи? Фармуд: Барои рафъи қулинҷ, судманд аст. Онро бихуред.”
Пизишкон дар гузашта, пайваста ки омили бемории бавосир астро “уммул амроз” ё модари бемориҳо номидаанд. Пас аҳамияти пешгири ва дармони он мушаххас аст. Беҳтарин доруи озмоиш шуда ва хуш таъм дар ин замина, анҷир аст; чаро ки фибери мавҷуд дар анҷир, ба амалкарди солими руда кумак мекунад ва монеи ошкор шудани юбусат мешавад. Аз ин рӯ, дар омузаҳои тиб ба нақл аз Паёмбар(с) омада аст ки : “Анҷир бихуред; чаро ки агар қарор буд бигуям мевае аз биҳишт аст, ҳамин меваро мегуфтам; зеро мевае аст бидуни дона. Онро бихуред; зеро бавосирро решакан месозад ва барои нуқрус, судманд аст.”


Хулоса онки анҷир, муқавви неруи ҷисми, дорои табиати гарм, нерузо, рафъ кунандаи хушунати сина, дарди сина, сурфа, таскиндиҳандаи ҳарорат ва ташнаги ва рафъкунандаи варами туҳол ва мудида дар муолиҷаи бавосир аст.
Муҳаққиқон онзимеро дар анҷир ба номи фибен кашф кардаанд ки дар ҳазми хурок кумак мекунад. Ахиран низ як моддаи шимиёи зидди саратони аз анҷир ҷудо кардаанд ки ин модда дар мавриди тумурҳои бадхими инсон, асараш хеле бештар ва маҳсустар аз тумурҳои бадхими мушҳои мавриди озмоиши буда аст.
Имом Ризо(а) ҳам дар бораи аҳамият ва ҷойгоҳи бо арзиши ин мева, илова бар онки фармуданд бо он эҳтиёҷе ба дору нест, мефармоянд: “Дарахти анҷир, шабеҳтарин гиёҳ ба гиёҳонои биҳишти аст.”

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст