Савори дин писар амми Паямбар

Шуҷои садри соҳиб ҳавзи кавсар

Ба тан Рустам савори Рахши Дулдул

Ба дил ғаввоси дарёи таваккул

Алӣ алқатъ афзали айём у буд

Али алҳақ ҳуҷҷатул ислом ӯ буд

Мунодии салуни дар ҷаҳон дод

Ба як рамз аз ду олам сад нишон дод

Чунин бояд намоз аз аҳли розе

Ки то бошад намои ту намозе

Чунон шуд дар намоз аз нури ҳақ ҷонаш

Ки аз пой бурун карданд пайконаш

Намозаш чун чунин бошад гузида

Ба алҳамдаш чунон гардад бурида

Зи ҷудаш абри дарё партаве буд

Ба чашмаш оламе пур зар ҷуйи буд

Ту эй зар зард гард аз ноумеди

Ту низ эй сим мекун ин сапеди

Ки чун ин сурх ру сабз раҳ шуд

Сапед зард бар чашмаш сияҳ шуд

Зиҳи садре ки то бунёди дин буд

Дилаш асрори дону роҳи бин буд

Зи тифли то ки худро пир карди

Барин дунёи дун такбир карди

Чу дунё оташу ту шер буди

Аз он маъни зи дунё сер буди

Агарчи кам нишинад гурсана шер

Нахурди нони дунё як шикам сер

Аз он ҷасти ба дунё фақру фоқа

Ки дунё буд пешат се талоқа

Ало ё дар таассуб ҷонт рафта

Гуноҳи халқ бо девонт рафта

Зи нодони диле пур зарқу пур макр

Гирифтори Али гашти Бубакр

Гаҳе ин як бувад нази ту мақбул

Гаҳе он як шавад аз кор маъзул

Гарин як бо гар он дигар туро чи

Чу ту чун ҳалқаи бар дар туро чи

Ҳама умрат дарин меҳнат нишасти

Надонам то Худоро кай парасти

Туро чанд аз ҳаво роҳи Худо гир

Худоят гар азин пурсад маро гир

Яқин донам ки фардо пеши ҳалқа

Яке гарданд ҳафтоду ду фирқа

Чи гуям ҷумла гар зишт ар накубанд

Чи неку бингари ҷуёни уянд

Худоё нафси саркашро забун кун

Фузули аз дамоғи мо бурун кун

Дили моро ба худ машғул гардон

Таассуб ҷуйро маъзул гардон

Шайх Аттори Нишопурӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст