چاپ

Дар фарҳанги Қуръон барои касоне, ки ба растгори ва саодат расидаанд вижагиҳои хоссе баён шуда аст. Барои касоне, ки толиби фалоҳ ва ростгори ҳастанд бисёр лозим аст ҷуёи мантиқи Қуръон шаванд ва аз он милок ва меъёрҳо бо хабар шаванд то инки худро бо он мизони илоҳӣ татбиқ дода ва дар ниҳоят фалоҳ ва растгори худро тазмин намоянд.

Калиди аввал: Ибодат ва намози хошеона

Дар мантиқи Қуръон касоне, ки дар дунё тавониста бошанд Худои Мутаолро хошеона ибодат кунанд раҳнамуд мешаванд. Баъзе афрод ҳарчанд дар дунё намозро тарк намекунанд вале намоз хондани онҳо дорои вижагиҳои хушуъ нест ва чи басо ин адами хушуъ дар намоз таъсири воқеи бандагиро дар онҳо надошта бошад.

Қуръони Маҷид яке аз вижагиҳои муъминони растгорро хушуъ дар намоз муаррифи менамояд:

«قَدْ اَفْلَحَ الْمُۆْمِنُونَ الَّذِینَ هُمْ فِی صَلاتِهِمْ خاشِعُونَ

Ба таҳқиқ растгор шуданд муъминон, онон ки дар намозашон хушуъ доранд.

Хошеун аз моддаи хушуъ ба маънии ҳолати тавозуъ ва адаби ҷисмони ва руҳи аст ки дар баробари шахси бузург ё ҳақиқати муҳимме дар инсон пайдо мешавад ва осораш дар бадан зоҳир мегардад.

Калиди дуввум: Наздики ба лағвиёти мамнуъ

وَ الَّذینَ هُمْ عَنِ اللَّغْوِ مُعْرِضُونَ

Ва онҳо ки аз лағв ва беҳудаги рӯй гардонанд.

Яке аз монеъҳои камол ва расидан ба саодат ва растгори машғул шудан ба корҳои лағв ва беҳуда аст. Касоне ки дар дунё натвонистаанд марзи миёни корҳои хуб ва корҳои лағв ва беҳударо ҷудо кунанд худро аз дараҷоти саодат маҳрум сохта аст.

Лағв танҳо шомили суханон ва корҳои беҳуда намешавад балки афкори беҳуда ва бепояе ки инсонро аз ёди Худо ғофил ва аз тафаккур дар ончи муфид ва созанда аст ба худ машғул медорад ҳама дар мафҳуми лағв ҷамъ шуда аст.

Калиди севвум: Аз пардохтани закот худдори накунад

وَ الَّذینَ هُمْ لِلزَّكاةِ فاعِلُونَ

Ва онҳо ки закотро анҷом медиҳанд.

Дар фарҳанги қуръони касоне, ки дар зиндагии дунявии худ саҳме аз амвол ва доштаи худро ба унвони закот дар ихтиёри ниёзмандон қарор медиаҳнд дар зумраи растгорон қарор доранд.

Калиди чаҳорум: Аз олудагии беиффати ба дуранд.

Аз ҷумла зеботарин муаллифаҳо ва шохисҳои афроди растгор ва саодатманд дар фарҳанги Қуръон дури аз беиффати ва робитаҳои номашруъ аст. Худованди Мутаол дар ин хусус мефармояд:

وَالَّذینَ هُمْ لِفُرُوجِهِمْ حافِظُونَ

Ва онҳо ки домони худро (аз олуда шудан ба беиффати) ҳифз мекунанд.

Калиди панҷум: Тавба ва руҷуъ ба даргоҳи илоҳӣ доранд.

Шояд зиндаги кардан бидуни гуноҳ кори сахте бошад вале яқинан ғайри мумкин нест. Вале бо ин ҳол агар инсон дар ҳаёти дунявии худ муртакиби феъли ҳароме шуд набодя дарҳои раҳмати илоҳиро ба руи худ баста бинад чароки ин бовар худ аз бадтарин гуноҳон ба ҳисоб меояд дар мантиқи Қуръон касоне ки ба сӯи Худои Мутаол бозгашт мекунанд растгоронанд:

وتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمیعاً أَیُّهَا الْمُۆْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُون

Ва ҳамаги ба сӯи Худо бозгардед эй муъминон, то растгор шавед.

Калиди шашум: Риояти тақвои илоҳӣ

Риояти тақво ба ин маъно аст ки инсони муттақи дорои сифате мешавад ки ӯро аз гуноҳ ва нофармони Худованди Мутаол, боз медорад ва бар тоат ва бандагии ӯ бармеангезад, Худованди Мутаол дар васф ва саранҷоми тақвои илоҳӣ мефармояд:

فَاتَّقُوا اللَّهَ یا أُولِی الْأَلْبابِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

[1] Сураи Муъминун, оёти 1 ва 2.

[1] Ҳамон, ояти 3.

[1] Ҳамон, ояти 4.

[1] Ҳамон, ояти 5.

[1] Сураи Нур, ояти 31.

[1] Сураи Моида, ояти 100.

بازدید: 2741