Барои ҳар як аз мушкилоте, ки барои инсон пеш меояд роҳкорҳои гуногуне пешниҳод шуда аст. Ҳамаи мо дар зиндагии худ гирифтори мушкилот мешавем, ки бисёре аз онҳо моро дар ғаму фуру мебарад. Барои рафъи ин андуҳ роҳкорҳое маъмулан коришиносн ба таносуби тахассуси худ пешниҳод мекунанд, аммо ба ёди Худо будан ва аз дастурҳои Худованд ва Паёмбари Ислом(с) итоат кардан бисёре аз мушкилоти моро бартараф мекунад.

Ҳазрати Ризо(а) дуое барои бартараф кардани ғаму андуҳ доранд.

Ҳазрати Ризо(а) фармуд:

“Ҳарки ғаму андуҳ дорад ду ракъат намоз ба ҷо оварда ва дар ҳар як ракъат як бор алҳамд ва 13 бор сураи қадр бихонад ва ҳангоме ки аз намоз фориғ шуд ба саҷда равад ва бигуяд:

اللهم یا فارج الهم و کاشف الغم ومجیب دعوة المضطرین،و رحمان الدنیا ، ورحیم الاخرة ،صل علی محمد و آل محمد ، و ارحمنی رحمة تطفیء بها عنی غضبک و سخطک و تغنینی بها عمن سواک

“Худовандо эй гушоянда ва зудояндаи (абрҳои) ҳузну андуҳ ва эй бартаф кунандаи ғам ва эй иҷобаткунандаи дуои инсонҳои музтар ва бечора ва эй бахшоянда дар дунё ва бисёр меҳрубон дар охирад, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист ва раҳмат фирист ва бар ман раҳм кун раҳмате ки ба василаи он хашму норизоятиат нисбат ба манро хомуш сози ва маро аз ғайри худат бениёз кунӣ”

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст