چاپ

Шӯрои омӯзиши порлумони Қибрис бо ҳазфи матнҳои исломӣ аз китобҳои дарсӣ мувофиқат кард.

Бар асоси гузориши пойгоҳи Исломулявм, шӯрои ёд шуда илова бар он фаъолияти донишгоҳи "Усули дин"-ро, ки дар моҳи сентиябри гузашта ифтитоҳ шуда буд манъ кард.

Дар ҷаласаи порлумон ҳудуди 166 намоянда ва 120 нозир ҳузур доштанд ва порлумон бо эҷоди тағйироте омӯзишро то 11 солагӣ иҷборӣ эълом кард.

Бо вуҷуди инки бештари шаҳрвандони қибрисӣ мусалмон ҳастанд аммо ин иқдомот дар роҳи коммунистсозии низомии давлатӣ шакл мегирад.

Дар соли 2010 иттиҳодияи устодони омӯзишии давлати Қибрис бо омӯзиши Қуръон дар мадрасаҳо мухолифат карда буд.

بازدید: 2392