چاپ

Ҳаст Қуръон раҳнамои мусалмон,

Ҳаст Қуръон, муниси ҷону равон.

Эй бародар ояҳояшро бихон,

Нуктаҳои нағзи Қуръонро бидон.

Эй бародар, хона бе Қуръон чаро?

Эй бародар, дарди бедармон чаро?

Захмҳоро ҳаст Қуръон марҳаме,

Гар бихони нуктаҳояшро даме.

Нури Қуръон бар дилат пайдо шавад,

Зиштиҳо дар манзарат зебо шавад.

Гар ту хонӣ, инчунин, маъно бидон,

Маънии иннову аътайно, бидон.

Зоҳири Қуръон қироат ҳаст, дӯст,

Ботинаш адлу қазоват ҳаст, дуст.

بازدید: 2411