Марҳилаи поёнӣ ва ниҳоии дуюмин давраи мусобиқаи Қуръони Карим бо ҳадафи “Тарвиҷи  фарҳанги Қуръони Карим” ва бо ҳиммати ҷамъе аз фарҳехтагони қуръонии Осиёи Миёна, ки дар Ҷомеат-ул-Мустафо(с) машғули ба таҳсил ҳастанд, баргузор хоҳад шуд. Дар ин мусобиқа илова бар кишварҳои Осиёи миёна, кишварҳои Қафқоз низ ширкат мекунанд.

Ин мусобиқаи Қуръонӣ дар риштаҳои ҳифз, қироат, тартилхонӣ ва мафоҳими Қуръони Карим барои бародорону хоҳарон дар ду радаи синнии бузургсолону хурдсолон ва дар ду марҳила баргузор мешавад, ки марҳилаи муқаддамотии он дар таърихи 21/02/2014 баргузор шуд ва ҷеҳраҳои бартари ҳар бахши аз ин мусобиқа бо таваҷҷӯҳ ба имтиёзоти боло ба даври ниҳоӣ гузаштанд, ки ин марҳилаи поёнӣ дар таърихи 6/03/2014 дар шаҳри Қум баргузор мешавад ва ба муддати 2 рӯз идома меёбад.

Дар ин давра аз доварони байналмилалӣ барои доварии мусобиқа даъват шуда ва риштаи мафоҳим (тарҷума ва шарҳи луғатҳои ду ва панҷҷузъи аввали Қуръони Карим) ба риштаҳои мусобиқа илова шудааст, ки яке аз вижагиҳои асосии ин мусобиқаи қуръонӣ ба ҳисоб меояд.

Зимнан масъулини баргузории ин мусобиқа маросими қуръониеро ҳам дар назар гирифтаанд, ки ин маросим бо ҳузури қории бузургу шинохта шуда ва фарҳехтаи ҷаҳони ислом, ҳоҷӣ Ҳомиди Шокирнажод дар поёни рӯзи аввали ин мусобиқа баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аввалин давраи ин мусобиқа соли гузашта барои бузургсолон ва хурдсолон дар риштаҳои мухталифи қуръонӣ дар шаҳри Гургони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд, ки бо истиқболи фаровоне мувоҷеҳ шуда буд.

Барои касби иттилоъоти бештар метавонед ба сомонаи ихтисосии ин мусобиқаи қуронӣ "Asia Quron" муроҷиа кунед.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст