Дуюмин давраи мусобиқаи Қуръони Карим бо ҳадафи “Тарвиҷи  фарҳанги Қуръони Карим ва бо ҳиммати ҷамъе аз фарҳехтагони қуръонии Осиёи Миёна, ки дар Ҷомеат-ул-Мустафо(с) машғули таҳсил ҳастанд, баргузор хоҳад шуд. Дар ин мусобиқа илова бар кишварҳои Осиёи миёна, кишварҳои Қафқоз низ ширкат мекунанд.

Ин мусобиқа дар риштаҳои ҳифз, қироат, тартил ва мафоҳими Қуръони Карим барои бародарону хоҳарон ва бузургсолону хурдсолон дар ду марҳила баргузор мегардад.

Қарор аст марҳилаи муқаддамотии он дар таърихи 21/02/2014 ва марҳилаи ниҳоии он 6/03/2014 дар шаҳри Қум баргузор шавад.

Дар ин давра аз доварони байналмилалӣ барои доварии мусобиқа даъват шуда ва риштаи мафоҳим (тарҷума ва шарҳи луғатҳои ду ва панҷ ҷузъи аввали Қуръони Карим) ба риштаҳои мусобиқа илова шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аввалин давраи ин мусобиқа соли гузашта барои бузургсолон ва хурдсолон дар риштаҳои мухталифи қуръонӣ дар шаҳри Гургони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд, ки бо истиқболи фаровоне мувоҷеҳ шуда буд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст