Барги зуф ё исфарза гиёҳи доруе аст, ки бештар дар манотиқи хушк ва нимагармсер  руиш  меёбад ва хосиятҳои бешуморе дорад, аммо ин гиёҳро ҳаргиз набояд кубид.Барги зуф гиёҳи доруе аст, ки тухми он ҳам хосияти доруӣ дорад.Ин гиёҳ дар миёни авом ба тухмсафед низ маъруф аст .

Барги зуф ба ду шакли хурду калон вуҷуд дорад ,ки аз шакли хурди он чандон  истифода намебаранд.Зеро ин шакли барги зуф луоби бисёр тавлид намекунад; дар ҳоле ки навъи дуввум бештар масрафи доруӣ ва луоби фаровоне, ки дорои ғализӣ аст,дорад.

Замоне ки шамолхурда  ҳастем ва роҳҳои нафаскашиамон  дучори илтиҳоб ва уфунат аст, бо масрафи дамкардаи барги зуф ин касалиҳо  бартараф  мешаванд ва нишонаҳоии сатҳии бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ ва аъзои ҳозима низ беҳбуд меёбад.

Нуктаи бисёр  муҳимме, ки дар масрафи ин гиёҳ бояд дар назар дошт ин аст ки барги зуфро набояд бикубем ё осиёб  кунем, зеро  вақте дар чунин ҳолат масраф кунем, боиси эҷоди сардии шадид мешавад ва гоҳе маргро ба дунбол дорад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст