Аввалини нашрияи рӯсӣ бо мавзӯи "сабки зиндагии ҳалол" аз сӯи шӯрои муфтиёти Русия дар ин кишвар ба чоп расид.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки шӯрои муфтиёти Русия олитарин ниҳоди исломии ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Nн нашрия ба ҳиммати маркази байналмилалии стандартсозӣ ва гувоҳиномаи ҳалоли шӯрои муфтиёти Русия бо номи "Ҷаҳони ҳалол" (Halal Globe) мунташир шуд.

Ҳайдарҳоҷӣ Азизов дабири кулли маркази байналмилалии ҳалоли Русия муҷрии тарҳи интишори аввалини нашрияи сабки зиндагии ҳалол дар Русия аст .

Дар ин нашрияи мавзӯъоти мухталифе дар ҳавзаҳои тиҷорат, омӯзиш, фарҳанг, сафар, хайрия ва варзиш аз манзари ҳалол ва мутобиқ бо сабки зиндагии исломӣ ироа мешавад.

Илова бар он ахбор ва иттифоқоти муҳими зиндагии уммати мусалмони Русия дар ин нашрияи пӯшиш дода хоҳад шуд.

Ин нашрия ба сурати фаслнома мунташир мешавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст