Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии "Ассаҳва нет" "Анҷумани хайрияи омузиши Қуръони Карим" дар Яман аз панҷшанбеи гузашта 19 декабри  то 29 декабр 2013 тарҳи солонаи пахши Қуръонро дар муассисот, масоҷид, маҳофил ва марокизи вилоятҳои мухталифи ин кишвар оғоз кардааст.

Солеҳ Савоб, раиси ин анҷуман гуфт: "Пахши Қуръон дар парвариши фикру ақидаи мардуми ҷомеа таъсиргузор аст ва инсоне, ки бо каломи ваҳй иртибот барқарор кунад барои уммат, дин ва ватанаш хидмати холисонатар мекунад."

Солеҳ Савоб дар идома афзуд: "Ин тарҳ, ангезае барои ёдоварии доимии омузиши Қуръон ва тақвияти қироат ва ҳифзи саҳеҳи каломи ваҳй дар ҷомеа аст."

Муҳаммад Камим мудири кулли "Анҷумани хайрияи омузиши Қуръон дар Яман" низ гуфт: "Ин анҷуман бо эътиқод ба аҳамияти пахши Қуръон ва ташвиқ ба ёдгирӣ ва ҳифзи ин китоби илоҳӣ бар иҷрои тарҳи солонаи пахши Қуръон дар Яман таъкиди зиёде дорад."

Бино бар ин гузориш "Анҷумани хайрияи омузиши Қуръон дар Яман" дар солҳои гузашта беш аз ним милион нусхаи Қуръонро дар марокиз ва муассисоти ин кишвар пахш карда аст.

Хабаргузории Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст