چاپ

Ҳамасола рӯзи 20 Сафар маросими Арбаин ва зиёрати имом Ҳусейн(а) ва шаҳидони дашти Карбало то имрӯз ва ҳар сол бошукуҳтар аз гузашта баргузор мешавад.
Имом Ҳусейн ибни Алӣ (а) дар рӯзи даҳум (ошуро)-и моҳи Муҳаррами соли 61ҳ.қ. дар дашти Карбало бо лаби ташна бо 72 ёри бовафояш ба шаҳодат расид. Сарҳои шаҳидонро аз тан ҷудо карданд ва боли найза ба Куфа ва сипас ба Шом пеши Язид ибни Муовия бурданд. Язид дар он маҷлис бо ғурур бо чуби хайзарон ба лабу дандони сари буридаи имом Ҳусейн (а) зад, ки бо вокуниши ҷиддии ҳозирон махсусан ҳазрати имом Саҷҷод ва Зайнаби Кубро рӯбарӯ шуд.
Чиҳил рӯз пас аз ҳодисаи дарднок ва шаҳодати имом Ҳусейн(а) Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ(рз), ки пирамарди нобино буд бо Атия ба дашти Карбало омаданд. Ҷобир дар оби Фурот вузӯ гирифт ва бо фаҳмидани бӯи хоки имом Ҳусейн (а) ба зиёрати қабри ҳазрат рафт.
Атия мегӯяд: Бо Ҷобир ба қасди зиёрати Ҳусейн ибни Алӣ(а) берун рафтем. Вақте ба руди Фурот расидем Ҷобир ғусл кард ва худро мисли муҳрим намуд ва ба саъд хушбӯ кард ва чун нобино буд дасташро гирифтам. Ҳамин ки дасташ ба қабри мубораки имом Ҳусейн расид аз шиддати ҳузну андӯҳ беҳуш шуд ва ба замин афтод.
Ман об ба сураташ пошидам то ба ҳуш омад ва се бор гуфт: Ё Ҳусейн! Ё Ҳусейн! Ё Ҳусейн! Сипас гуфт: Оё дӯст ҷавоби дӯсташро намедиҳад? Ҳусейнам, чигуна ҷавоб диҳӣ дар ҳоле ки хун аз рагҳои гулуят бар сина ва шонаат рехта ва миёни сари муборак ва бадани мутаҳҳар ҷудоӣ афтодааст?!
Сипас бо камоли фурутанӣ ба хондани зиёрат машғул шуд ва ҳамчунин қабри мутаҳҳари дигар шаҳидон зиёрат кард. Ҷобир дар ҳини зиёрат чунин гуфт: Мо низ шарик будем дар он амре, ки дохил шудед яъне муқотила ва муҷодила ва нусрати зурияи Хотамуланбиё(с) ва шаҳодат.
Атия гуфт: Мо ранҷе накашидем ва шамшер назадем ва сарҳои ин гуруҳ аз бадан ҷудо ва занонашон бева ва фарзандонашон ятим шуданд. Чигуна дар аҷр бо онҳо шарикем?
Ҷобир дар ҷавоб ҳадиси набавиро, ки худаш шунида буд зикр намуд, ки ҳар кас дӯст дорад амали қавмеро бо эшон дар савоби он амал шарик бошад ва гуфт: Нияти ман ва асҳобам бар ҳамон нияти имом Ҳусейн(а) ва асҳоби ӯст! (Сафинатулбиҳор, ҷ.2, саҳ. 629)
Ногоҳ дидам, ки як ҷамъе аз дур ба суӯи Карбало меоянд. Ба Ҷобир хабар додам. Ӯ ғуломашро фиристод то бибинад онҳо кистанд. Агар аз сипоҳи Умари Саъд бошанд аз ин ҷо бираванд ва агар имом Саҷҷод (а) аст ба муждагонии ин хабар туро дар роҳи Худо озод мекунам.
Ғулом бо шитоб рафт. Дид корвони имом Саҷҷод ва аҳли байти Расули Худо(с) ҳастанд. Бо суръат баргашту гуфт: Эй Ҷобир, бархез ва аз ҳараму хонадони Расули Худо(с) истиқбол кун! Ин имом Зайналобидин аст, ки бо аммаҳо ва хоҳарони доғдидааш ба зиёрати қабри имом Ҳусейн(а) омадаанд.
Ҷобир бо сару пои бараҳна ба истиқболи он бузургворон шитофт. Вақте ки имом Саҷҷодро мулоқот кард гӯё имом Саҷҷод хост дарди дили бачаҳо боз шавад ба Ҷобир гуфт: Эй Ҷобир, ба Худои Мутаол савганд дар ҳамин ҷо буд, ки мардони мо кушта шуданд ва кӯдакони мо гардан зада шуданд ва аз ин ҷо занони мо ба асирӣ бурда шуданд ва хайма дар ин ҷо ба оташ кашида шуд. (Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ, саҳ.189-197)
Рӯзи бистуми моҳи Сафари соли 61ҳ.қ. сари Ҳусейнро ба баданаш часпонданд ва дар ҳамон ҷо дафн намуданд ва зиёрати Арбаин роҷеъ ба ин рӯз аст. (Абӯрайҳони Берунӣ, Осорулбоқия, саҳ.331)
Ҳама сола маросими Арбаин ва зиёрати имом Ҳусейн ва шаҳидони дашти Карбало дар ин рӯз то имрӯз ва ҳар сол бошукуҳтар аз гузашта баргузор мешавад. Ба ин муносибат ошиқону пайравони Аҳли байти Расули Худо(с) аз кишварҳои ҷаҳон ба самти Карбало ҳаракат мекунанд ва роҳи 80 километрии Наҷаф то Карбалоро пиёда мераванд. Ин ҷамъияти бошукуҳ дар солҳои ахир ба 20 миллион нафар мерасад. Дар ин маросими бошукуҳ на танҳо мусулмонон, балки намояндагони адёни дигар ҳам ширкат карда ишқу эҳсоси худро ба озодӣ ва озодагон иброз мекунанд. Инҳо танҳо касоне ҳастанд, ки худро ба Карбало дар ин рӯз ва ба ин муносибат мерасонанд вагарна даҳҳо миллион ошиқону пайравони мактаби Аҳли байти Расули Худо(а) дар масҷиду маконҳои муқаддас ба азодорӣ ва гиромидошти ёду хотираи қиёми имом Ҳусейн ва қадрдонӣ аз шаҳидону шаҳодат мепардозанд. Дар тули 80 километр роҳпаймоӣ худи мардум довталабона ба пазироии зоирон машғул мешаванд ва бо обу хурмо ва меваву хурок, ҷои хобу истироҳат, ҷои ибодат ва дармону кӯмакҳои гуногун дар хидмати зоирон ҳастанд. Дар ривоятҳое, ки аз Аҳли байти Расули Худо(с) ба дасти мо расидааст ба зиёрати Арбаин ташвиқ ва барои зоирони ҳазрат аҷру савоби фаровон ва яке аз аломатҳои мӯъмин баён шудааст.
Баъзе аз хусусиятҳои ин роҳ чунин аст:
1 – Тӯли масофа: 80 километр;
2 – Теъдоди сутунҳо: 1452;
3 – Фосилаи ҳар сутун: 50 метр;
4 – Замони лозим барои пиёдаравӣ: 20-25 соат, миёнгин 7-8 соат дар рӯз ва тақрибан сафари 2-3 рӯза.
Ин маросими беназир ба ҳамаи ҷаҳониён дарси озодӣ, озодагӣ, шаҳодат дар роҳи Худо, фидокорӣва ҳимоят аз мазлумону мубориза бо золимон ва безорӣ аз ботилу аҳли онро ба армағон меорад ва ин рӯҳияҳоро зинда нигаҳ медорад.
Умедворем Худованд зиёрати ҳамаи ошиқонро қабул кунад ва ба орзумандон ҳам ин тавфиқро ато намояд ва моро аз баракати ишқи имом Ҳусейн дар дунё ва охират баҳраманд гардонад!
Салом бар Ҳусейн! Салом бар Алӣ ибни Ҳусейн! Салом бар авлоди Ҳусейн! Салом бар асҳоби Ҳусейн!
زیر مجموعه: Хабарҳо
بازدید: 485