36-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар ҶИЭ дирӯз бо эъломи рутбаҳои якум то панҷуми ҳар риштаи мусобиқот ва тақдир аз ҳофизону қориён ва пажуҳишгарони Қуръони Карим аз саросари олам ба поён расид. Имрӯз аҳолии Қуръони Карим ва ҳозирон дар сивушашумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим бо раҳбари олии ҶИЭ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар Теҳрон дидор карданд.
Дар ибтидои ин дидор теъдоде аз асотид ва баргузидагони мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим, оёте аз Каломуллоҳи маҷидро ба сурати маҷлисӣ ва тахассусӣ тиловат карданд. Сипас оятуллоҳ Хоманаӣ дар робита бо Қуръони Карим, Набии Мукаррами Ислом ва уммати исломӣ суханронӣ кард.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин маросим, фаҳми Қуръон ва амал ба онро таъминкунандаи саодати башар дар дунё ва охират донистанд ва бо таъкид бар ин ки бисёре аз мушкилот ва гирифториҳои уммати исломӣ ва башарият ба иллати амал накардан ба маорифи қуръонӣ аст, гуфт: Имрӯз ба лутфи илоҳӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ, иқболи мардум ба вижа ҷавонон ба маорифи қуръонӣ ва тамассук ба ин маориф рӯз ба рӯз дар ҳоли густариш аст ва ҳамин тамассук ба Қуръон мояи саодат, қувват ва иззати низоми исломӣ хоҳад буд.
Эшон бо қадрдонӣ аз дастандаркорони баргузории мусобиқоти байналмилалии Қуръон, тиловати Қуръон ва унс бо онро муқаддимаи фаҳм ва маърифати қуръонӣ ва ҳамчунин таъмиқи маънавият дар қалб ва зеҳни инсон баршумурд ва афзуд: Бисёре аз каҷравиҳо, бадфаҳмиҳо, ноумедиҳо, хиёнатҳо, душманиҳо ва таслим шудан дар баробари тоғут, ба иллати дӯрӣ аз Қуръон ва маънавият ва маърифати ношӣ аз он аст.
Ӯ бо таъкид бар ин ки амал ба Қуръон заминасози иззат, рифоҳ, пешрафт, қудрат, инсиҷом, сабки зиндагии ширин дар дунё ва таъминкунандаи саодати охират аст, хотирнишон кард: Мутаасифона бархе сарони кишварҳои исломӣ ба дастуроти қуръонӣ амал намекунанд ва ба ҷои он ки «ашиддоу алал-куффор» (сахтгир ба кофирон) бошанд, навкар ва дунболарави Амрико ва саҳюнистҳо ҳастанд ва ба ҷои «руҳамоу байнаҳум» (миёни худ меҳрубон), заминасози ихтилофҳо ва ҷангҳое ҳамчун ҷанги Сурия, Яман ва куштори мардуми мусулмон шудаанд.
Эшон лозимаи амал ба Қуръонро ёди Худованд ва тақвои илоҳӣ донистанд ва бо ишора ба шуҳадо ба унвони инсонҳое, ки дар мартабаи олии тақво қарор доранд, гуфт: Шуҳадои мо дарсҳои зиёдеро ба миллати Эрон доданд, ки намунаи боризи он, падидаи камназири ҳаракати азими мардумӣ барои кӯмак ба манотиқи селзада аст.
Оятуллоҳ Хоманаӣ, имдодрасонӣ ва кӯмакҳои мардумӣ ба манотиқи селзадаи Гулистон, Мозандарон, Илом, Луристон ва Хузистонро шабеҳи ҳаракати ҷавонон дар даврони "дифои муқаддас" (8 сол ҷанг бо режими баъси Саддом) хонд ва афзуд: Ин ҳаракати аҷиби мардумӣ, ки ин рӯзҳо шоҳид ҳастем, ҳамонанди рӯҳияи фидокорӣ ва шавқу завқи ҷавонон дар даҳаи шаст аст.
Эшон, ин рӯҳияро натиҷаи омӯзаҳо ва дарсҳои Қуръони Карим баршумурд ва бо ишора ба душманиҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъкид кард: Агарчи душманиҳо ва ҳаҷму шиддати он бештар аз гузашта ба назар мерасад, аммо ин иқдомот ва тавтеаҳо, нафасҳои охири душмании душманон бо Ҷумҳурии Исломӣ аст.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён таъкид кард: Ҳарчи онҳо нисбат ба миллати Эрон шиддати амали бештаре ба харҷ диҳанд ва сахттар бигиранд ва ҳарчи аз пойбандии миллати Эрон ба маорифи қуръонӣ асабонӣ шаванд, аммо ин миллат дар муқобил, қавитар ва қудратмандтар хоҳад шуд ва тамассуки худро ба Қуръони Карим бештар хоҳад кард.
Ёдовар мешавад дар сивушашумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар ҶИЭ имсол 329 нафар аз аҳолии Қуръон аз 67 кишвари ҷаҳон шомили мусобиқадиҳандагон, доварон, меҳмонони вижа ва ҷамъе аз асотид ва фаъолони қуръонӣ ҳузур доштанд. Натиҷаи ин давра аз мусобиқоти Қуръони Карим ба шарҳи зейл эълом шуд:
Рутбаҳои бартари ҳифзи Қуръони Карим дар бахши донишомӯзони писар:
1) «Абдулалӣ Абдурраҳим Муҳаммад Ҳоҷӣ» аз кишвари Кения
2) «Алӣ Файзӣ» аз кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон
3) «Маҳмуд Абулхайр Носӣ» аз кишвари Сурия
Рутбаҳои бартари ҳифзи Қуръони Карим дар бахши донишомӯзони духтар:
1) «Зайнаб Аминпур» аз ҶИЭ
2) «Файзо Наргис» аз Туркия
3) «Рим Ашкул» аз Урдун
Нафароти бартари риштаи қироат дар бахши донишомӯзони писар:
1) «Амир Ҳусайн Раҳматӣ» аз ҶИЭ
2) «Сайид Ёсин Ҳусайнӣ» аз Афғонистон
3) «Муҳаммад Рифқӣ Ҳавориюнӣ» аз Индонезия
Рутбаҳои бартари ҳифзи кулли Қуръони Карим дар бахши равшандилон (нобиноён):
1) «Сайид Ҳамдӣ сайид Иброҳим» аз Миср
2) «Сайид Алӣ Акбарӣ» аз ҶИЭ
3) «Сайид Нурулҳақ» аз Ҳиндустон
Рутбаҳои бартари ҳифзи кулли Қуръони Карим дар бахши бонувон:
1) «Марям Шафеӣ» аз ҶИЭ
2) «Фотима Юнус» аз Лубнон
3) «Самона Мусавӣ» аз Афғонистон
Рутбаҳои бартари қироати Қуръони Карим дар бахши бузургсолон:
1) «Салмон Амруллоҳ» аз кишвар Индонезия
2) «Маҳдӣ Ғуломнажод» аз ҶИЭ
3) «Муҳаммадризо Салмон» аз Ироқ
4) «Аҳмад Самир Абдулазиз Абдулғанӣ» аз Миср
5) «Ван Айнуддин Ҳилмӣ» аз Малайзия
Рутбаҳои бартари ҳифзи кулли Қуръони Карим дар бахши бузургсолон:
1) «Муҳаммадҷавод Муродӣ» аз ҶИЭ
2) «Абдалӣ Тавфиқ» аз Алҷазоир
3) «Аҳмад Бадруддин Ҳаммом» аз Сурия
4) «Сайид Аҳмад Усома» аз Мавритания
5) «Акрам ибни Закариё» аз Тунис
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст