چاپ
Севуми Шаъбон (9/4/2019) солрӯзи мелоди пурхайру баракати сарвари ҷавонони аҳли биҳишт ва набераи Набии Раҳмат ва панҷумин нафар аз Оли Або ва ҳозирон дар Мубоҳила бо Насорои Наҷрон ҳазрати имом Ҳусейн ибни Алӣ (Салому дуруди Худо бар онон бод) бар ҳамаи мусулмонон ва озодагони ҷаҳон муборак бод!
Имом Ҳусейн дувумин меваи пайванди мубораки ҳазрати Алии Муртазо ва Фотимаи Заҳро духтари гиромии ҳазрати Муҳаммади Мустафо ва Хадиҷаи Кубро (Салому дуруди Худо бар онон бод) дар севуми Шаъбони соли чоруми ҳиҷрат дар Мадина ба дунё омад.
Чун имом Ҳусайн(рз) ба дунё омад, бобояш Расули Худо(с) худаш маросими таваллуди муборакашро ба ҷо овард.
1) Номгузорӣ
Расули Худо(с) номи навзоди Фотимаро Ҳусайн гузошт ва фармуд: Ҳорун фарзандонашро Шабар ва Шубайр номид ва ман фарзандонамро Ҳасан ва Ҳусайн ба ҳамон маъное, ки ӯ фарзандонашро номид, номидам.1
2) Гуфтани азон ва қомат
Расули Худо(с) навзодро дар оғуш гирифт ва дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапи ӯ қомат гуфт.2
3) Ақиқа 
Дар рӯзи ҳафтуми таваллуди имом Ҳусейн ҳазрати Расули Худо(с) дастур дод, то гӯсфандеро ақиқа кунанд ва гӯшташро байни фақирон ва ниёзмандон тақсим намоянд.
4) Тарошидани мӯи сар ва садақа
Дар ҳафтрӯзагӣ Расули Худо(с) дастур дод, то мӯи сари имом Ҳусейнро битарошанд ва ҳамвазни мӯи сараш, ба фақирон нуқра садақа диҳанд.3
Куня ва лақабҳо
Куняи имом Ҳусейн Абӯабдуллоҳ ва лақабҳои ӯ Сибти Расулуллоҳ, Сайиди шабоби аҳли ҷаннат, Райҳонаи Расулуллоҳ мебошад, ки аз аҳодиси Расули Худо(с) гирифта шудааст. 4
Пайнавиштҳо
1. ал-Мустадрак алас-саҳеҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн; Таърихи Мадинати Димишқ, Ибни Асокир, ҷ.41, с.119.
2. Усдулғоба фи маърифатис-саҳоба, ҷ.1, с.566; ал-Мустадрак алас-саҳеҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн.
3. ал-Бидояту ван-ниҳоя, Ибни Касир, ҷ.5, с.2444.
4. Сунани Тирмизӣ, боби маноқибил Ҳасани вал Ҳусайн ибнай Алӣ ибни Абитолиб.


زیر مجموعه: Хабарҳо
بازدید: 411