Имрӯз 8/6/2018 дар охирин ҷумъаи моҳи шарифи Рамазон бино ба ёдгори ҳасанаи имом Хумайнӣ рӯзи ҷаҳонии Қудс барои ҳимоят аз мардуми мазлуму мусулмони Фаластин ва қиблаи аввали Ислом ва маҳалли меъроҷи Расули Акрам (с) дар саросари олам баргузор шуд ва дар он милиёнҳо мусулмони рӯзадору озодаи дорои виҷдони бедор ба майдонҳо омаданд ва озодии Фаластин ва нобудии ғосибонро фарёд заданд. Рӯзи ҷаҳонии Қудси имсол ба далели шароити хосси минтақаи ғарби Осиё махсусан интиқоли золимонаи сафорати Амрико аз Телавив ба Қудс бо рехтани хуни даҳҳо фаластинӣ ва маҳкумияти ҷаҳонии ин иқдоми хатарнок ва роҳпаймоии муқтадиронаи Ғаззаи қаҳрамон бо унвони "Бозгашт ва шикастани муҳосираи золимонаи ғосибон" аҳамияти бештаре пайдо кардааст. Ҳарчанд аз аксарияти ҳокимон ва давлатҳои ба номи исломӣ дигар интизоре нест ва уммати мусулмон аз онҳо ноумед аст худи уммат ва миллатҳои мусулмон бо қудрат ва умед барои озодии Фаластин ва кӯмак ба мазлумону мусулмонон талош доранд. Уммати мусулмон аз сукути ниҳодҳои байналмилалӣ муддаии дифоъ аз ҳуқуқи башар дар баробари 70 сол ҷинояти режими ғосиб хашмгин аст ва онро макум мекунад ва фаромӯш намекунад.  
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст