“Тоҷикон чӣ касоне ҳастанд?” навори ҳаштдақиқаие аст, ки Даниел Гритсай фарҳангу забони тоҷикӣ ва дастовардҳои Тоҷикистонро таблиғ кардааст.
Ба гузориши “Спутник”, Даниел Гритсай, устоди донишкадаи Осиё ва Африқо, вобаста ба Донишгоҳи давлатии Русия ҳадафи ин корашро дур кардани тасаввуроти нодурусти дигарон ба тоҷикон ва Тоҷикистон донистааст.
Вай таъкид карда, ки забони тоҷикӣ шохае аз забони форсӣ аст, ки ба хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ вобаста ва забони русӣ низ аз ин гурӯҳ аст.
Ба назари ӯ устод Рӯдакӣ - падари шеъри форс-тоҷик дар асри нуҳуми мелодӣ шеърҳои сода ва ҳикматомӯзе навишта, ки дар он замон дар Русия дар паи пайдо кардани алифбо буданд.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз низ тамоми форсизабонон бе ягон мушкил шеърҳои ин шоири бузургро мехонанд, мефаҳманд ва ҳифз мекунанд.
Ӯ таъкид мекунад, ки имрӯз низ дар Тоҷикистон даҳҳо донишгоҳ, ҳазорон мактаб ва омӯзишгоҳҳои давлатӣ ва хусусӣ фаъолият мекунанд ва аз назари омӯзишӣ ҷойгоҳи матлубе дар минтақа дорад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст