Китоби «Гузидае аз хотироти Алазҳар» , ки ҳосили солҳо талоши ин марказ дар муаррифӣ ва тарвиҷи Исломи миёнарав ва дӯр аз зиёдаравӣ ва кутоҳӣ аст, бо номи «Мухторот мин зокироти Алазҳар алшариф» ба намоишгоҳи байналмилалии китоби Қоҳира омадааст. Ин китоб ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ тарҷума шудааст.
Дар ин донишнома мавзӯоти мухталифе мисли «ҷунбиши ислоҳ дар Алазҳар дар асри ҷадид», «исботи ҷойгоҳи илмии ин марказ», «нақши миллии ин марказ дар гузари асрҳо» ва «саҳми уламои Алазҳар дар табйини улуми ақлӣ» омадааст.
Ин марказ то кунун 152 унвон китобро ба 13 забони мухталиф тарҷума ва дар ихтиёр мухотабони умдатан ғарбӣ қарор додааст.
Маркази исломии Алазҳар барои дувумин соли паёпай бо ҳадафи муқобила бо андешаи ифротгароӣ ва тасҳеҳи мафоҳим, табйини ҳамзистии мусолиматомез ва мафоҳими сулҳ, дӯстӣ, адолат ва баробарӣ ба арзаи осори худ дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Қоҳира пардохтааст.
Чиҳилу нӯҳумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Қоҳира аз 27 январ то 10 феврали соли 2018 бо мушорикати 27 кишвар анҷом шуд.
Ба нақл аз Iqna
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст