Ба гуфтаи президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) чанд кишвари арабӣ мехоҳанд, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2022 дар Қатар баргузор нашавад вагарна мусобиқотро таҳрим мекунанд.
Онҳо Қатарро ба "ҷонибдор"-ии терроризм муттаҳам карда нигарони амнияти мухлисон ҳангоми баргузории бозиҳо ҳастанд
Инфантино гуфт, ки ин дархост бино бар банди 85-уми низомномаи ФИФА ("ҳолатҳои ғайричашмдошт") сурат гирифтааст, ки ба раҳбарияти созмон ҳақ медиҳад, мусобиқотро манъ ё маҳалли баргузории онро иваз намояд.
Президенти ФИФА ҳамчунин афзуд, ки кишварҳои мазкур омодаанд, дар робита ба мизбонӣ аз Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2022 миёни кишварҳои узв назарпурсӣ гузаронанд.
Баъд аз сафари Трамп ба Риёз Саудӣ, Баҳрайн, АМА ва Миср 5 июн робитаҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карда, Доҳаро дар ноором сохтани вазъи дохилии кишварҳои араб ва ҳимоят аз терроризм айбдор карданд. Дертар ба сафи онҳо дигарон чун Молдив, Мавритания ва Маврикий ҳамроҳ гаштанд.
Қатар иддаои ҳамсояҳои худро рад карда, амали онҳоро дастдарозӣ ба соҳибихтиёрии Доҳа номид.
Қатар ҳаққи мизбонӣ аз Ҷоми ҷаҳонии футболро 2 декабри соли 2010 дарёфт карда буд.
Мумкин аст бархе бозиҳоро аз сиёсат ҷудо бидонанд, вале ҳаводис хилофи онро нишон медиҳад. Яке аз дархостҳои муҳимми ин кишварҳо барои оддӣ шудани равобит қатъи робитаи Қатар бо Эрон аст. Кишварҳое Қатарро ба пуштибонӣ аз тероризм муттаҳам мекунанд, ки худ парвандаи қобили дифоъ надоранд.
Бознависӣ аз Озодагон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст