Гурӯҳе аз имомони масоҷиди Фаронса бо ҳузур дар хиёбони Шонзилиза дар Париж, маҳалле, ки соли гузашта як афсари полис ба дасти гурӯҳи террористӣ кушта шуд, хостори нисбат надодани мусулмонон ба ҷиноёте шуданд, ки ба номи Ислом анҷом мешавад ва ибрози умедворӣ карданд, ки ин иқдом дар ҳамаи Аврупо фарогир шавад.
Хатиб Ҳасан Шалқумӣ баргузоркунандаи ин роҳпаймоӣ дар ин бора гуфт: Паёми мо возеҳ аст. Имкон надорад, Исломро ба ин афроди ваҳшӣ ва ҷинояткоре, ки ба номи Ислом, мардумро мекушанд нисбат дод.
Вай дар баробари сӣ тан аз имомони масоҷид, ки аз манотиқи мухталифи Фаронса, Италия, Португалия ва Белгия дар ин роҳпаймоӣ ширкат карда буданд, хостори басиҷи ҷомеаи маданӣ шуд.
Имомони ҷамоати масоҷиди ширкаткунанда дар ин тур, рӯзи якшанбе бо иблоғи паёми «Инсоният ва бародарӣ дар баробари терроризм» дар калисои «Ёдбуди Қайсар Вилҳелм»-и Берлин ҷое, ки декабри соли гузашта як камаз бо вуруд ба бозори крисмас дар хиёбони «Шорлутанберг» бо зер гирифтани ҷамъият мунҷар ба кушта шудани 9 тан ва захмӣ шудани 50 нафар шуд, намоз хоҳанд хонд.
Ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоӣ, ки то рӯзи 14 июли 2017 идома дорад, аз шаҳрҳое, ки бештарин иқдомоти террористӣ дар онҳо анҷом шудааст монанди Берлин, Брюссел, Толоз ва Нис дидан мекунанд.
Бознависӣ аз Iqna

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст