Алиризо Беҳдонӣ ҳунарманди хушнавис ва котиби Қуръони Карим аҳли шаҳри Машҳади Ҷ. И. Эрон аст, ки то кунун муваффақ ба 52 бор китобати Қуръони Карим шудааст. Аз ҷумла корҳои халлоқона ва навоваронае, ки ӯ дар заминаи китобати Қуръон дошта, падид овардани Қуръон бо варақи тилло ба шеваи комилан ибдоъӣ ва мунҳасир ба фард будааст, ки тайи он бо қалами хушнависӣ бо истифода аз ҷавҳаре, ки аз гарди филизи тилло ва ширеши махсус ташкил шудааст, ибороти Қуръонро ба хатти хуш китобат карда ва сипас бо шеваи мӯҳракашӣ завоиди радди қаламро аз рӯи коғаз бартараф сохтааст.
Беҳдонӣ ахиран ба ғайр аз барпоии намоишгоҳи Қуръони Карим ба муносибати моҳи мубораки Рамазон дар Машҳади муқаддас, ки дар онҳо корҳои хушнависиашро дар маърази диди умум қарор додааст, аз ибтидои моҳи мубораки Рамазон машғули китобати Қуръон бо истифода аз тиллои ноб аст, ки муддаӣ аст онро то поёни моҳи мубораки Рамазон ва ҳамзамон бо иди саиди «Фитр» ба поён хоҳад бурд.
Бознависӣ аз Iqna

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст