putinnВладимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбе дар паёме ба муносибати баргузории ду нишаст бо мавзӯи ҷаҳони Ислом ибрози итминон кард, ки талошҳои муштарак метавонад нақши муассире дар муқобила бо терроризм ва ҳалли мусолиматомези буҳронҳои минтақаӣ дошта бошад .
Путин бо ишора ба чолишҳои пешорӯи кишварҳои исломӣ дар заминаи терроризм, ифротгароӣ ва мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз мусулмонон хост,   ба Русия эътимоди комил кунанд, зеро Маскав омодаи густариши ҳамкорӣ бо шуракои минтақаии худ барои сохтани низоми ҷаҳонии одилона ва демократии дур аз ҳаргуна таассуб, табъиз ва зӯргӯӣ аст .
Сеюмин нишасти давраии дидгоҳҳои роҳбурдии "Русия ва ҷаҳони Ислом" дар Грозний, пойтахти Чеченистон баргузор шуд ва нишасти байналмилалии иқтисодӣ бо унвони "Русия ва ҷаҳони Ислом" 18 ва 19 май дар Қазон, пойтахти Тотористон баргузор мешавад
 Радиои тоҷикӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст