Дар понздаҳуми моҳи майи соли 1948 мелодӣ, ҳодисаи талх дар таърихи сарзамини Фаластин рух дод, ки бар асари он 78% сарзамини Фаластин ба ҷуз “Каронаи бохтарӣ” ва “Навори Ғазза” тавассути саҳюнистҳо ишғол шуд ва беш аз 750 ҳазор нафар аз шаҳрвандони фаластинӣ зери оташи сангини тӯпхона ва кушторҳои дастаҷамъии ғосибон ба се кишвари ҳамсоя яъне Лубнон, Сурия ва Урдун овора шуданд ва сипас дар тӯли замон аз онҷо ба даҳҳо кишвари ҷаҳон пароканда шуданд.
Агарчӣ омори дақиқе аз теъдоди оворагони фаластинӣ дар кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар даст нест, аммо бархе оморҳо аз 5 то 7 миллион овораи фаластинӣ хабар медиҳанд, ки дар натиҷаи ишғолгарӣ аз хона ва кошонаи худ овора шуданд.
«Накбат» дар арабӣ ба маънои мусибат ва фоҷиаи бузург аст ва аз 15 майи соли 1948 мелодӣ, ки сарзамини Фаластин тавассути ғосибони саҳюнист ишғол шуд, ҳама сола маросимҳо ва барномаҳои мухталифе дар Фаластин ва кишварҳое, ки паноҳандагон ва оворагони фаластинӣ дар онҷо ҳузур доранд, барои ёдоварии ҷиноёти саҳюнистҳо дар ин рӯз ба наслҳои баъдӣ баргузор мешавад.
Хабаргузории Iqna

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст