Маросими қуръакашӣ барои таъини замонбандии қироати қориёни сивунуҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Малайзия баргузор шуд.
Дар ин давраи мусобиқот 24 қории мард аз 24 кишвар ва 10 нафар аз бонувони қорӣ дар бахши қироат бо якдигар рақобат мекунанд. Теъдоди ҳофизони ин рақобатҳо низ 20 мард ва 10 зан аст.
Ин давра аз рақобатҳо, ки аз имрӯз, 15 моҳи май оғоз мешавад, то 20 моҳи май идома дорад.
Ин мусобиқот, ки то чанд сол қабл танҳо дар риштаи қироати Қуръони Карим баргузор мешуд, таи ин солҳо ду риштаӣ шуда ва риштаи ҳифзи Қуръони Карим низ ба он изофа шудааст.
Бознависӣ аз Iqna

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст