Оятуллоҳ Мӯҳсини Арокӣ, дабири кулли “Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ” имрӯз дар аввалин нишасти «Иҷрои роҳбурди дипломосии ваҳдат дар ҷаҳони Ислом» гуфт: Яке аз муҳимтарин ҳавзаҳое, ки бояд дар арсаи тақриб ба он таваҷҷӯҳ дошта бошем мавзӯъи боварсозӣ аст. Эҷоди бовар дар ҷавомеи исломӣ ва зарурати ҳамгароӣ, ҳамкорӣ ва якдаст будан яке аз чолишҳое аст, ки имрӯз бо он рӯ ба рӯ ҳастем.
Вай бо ишора ба эҷоди чолиш шак дар аслу зарурат ва фавоиди ваҳдат аз сӯи душманони ҷавомеи исломӣ гуфт: Дар заминаи боварсозӣ ва муқобила бо ин ташкикҳо, корҳое сурат гирифта, аммо боварсозии он бо таҳқиқу пажӯҳиш ва навиштани китоб анҷом намегирад ва ба расона ниёз дорад ва ҳузуру ҳамкории расонаҳо зарурӣ аст. Дар набарди расонаии тамомаёре қарор дорем, ки сахттар ва буррандатар аз ҷанги сахт аст ва дар ин арса, муҳиммтарин абзор расона аст. Аз ин рӯ интизор дорем, ки расонаҳо дар ин замина бо маҷмаъи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ дошта бошанд ва худашон низ корҳое дар ин ҳавза анҷом диҳанд.
Дабири кулли “Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ” бо таъкид бар ин ки мо ба фиқҳуттақриб ва фалсафаи тақриб ба шакли илми ниёз дорем, гуфт: Дониши тақриб қадами аввал аст ва гоми дувум он аст, ки ин дониш аз сӯи расонаҳо арза шавад ва масъала ва гуфтмони ваҳдатро ба фарҳанги иҷтимоӣ ва умумӣ табдил кунад сипас гоми севум низ гуфтмонсозии тақриб аст.
Вай афзуд: Ниҳодҳои тасмимсоз бояд тасмимҳои ваҳдатофаринро барои мудирияти ҷомеа бигиранд ва заминаи иҷро шудан онро фароҳам кунанд. “Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ” роҳбурдҳо ва роҳкорҳои тақрибро таъриф карда, аммо ба танҳоӣ тавони иҷро кардани онро надорад ва лозим аст ниҳодҳои тасмимсоз онҳоро амалиётӣ кунанд ва битавонанд онҳоро ба ниҳодҳои байналмилалӣ мунтақил карда ва онҳоро водор кунанд то тасмимоти калон бигиранд.
Оятуллоҳ Арокӣ ташкили иттиҳодияҳои синфӣ аз сӯи “Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ”-ро яке аз беҳтарин роҳкорҳо барои расидан ба ин аҳдоф унвон кард ва гуфт: Дар ин росто иттиҳодияи бонувони мусулмон ва уламои муқовимат ташкил шуда ва иқдомоте низ барои ташкили иттиҳодияи аҳзоби сиёсӣ сурат гирифта мунтаҳо роҳи зиёде барои ташкили иттиҳодияҳои неруманд дорем.
Дабири кулли “Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ” гуфт: Мо ниёз ба ташкили иттиҳодияҳои асноф дорем то битавонем барои ин тарҳҳо барномарезӣ дошта бошем. Арсаи тақриб арсаи густарда, бунёдин ва сарнавиштсоз аст, аз  ин рӯ аз ҳама мехоҳем, ки моро дар ин арса кӯмак кунанд.
Бознависӣ аз Iqna

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст