Ҳамоиши байналмилалии «Нақши занон дар сохти ҷомеа аз дидгоҳи Ислом» 22-юми моҳи сентябри имсол (2017) дар иёлати «Кроло»-и Ҳинд баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш абъоди мухталифи нақши занон дар барқарории адолати иҷтимоӣ, баробарӣ, тавонмандсозӣ ва шаклгирии ҷомеа баррасӣ мешавад ва барномаҳои он то ду рӯз идома дорад.
Занон дар замони ҳазрати Муҳаммад(с), мушорикати занон дар дунёи сиёсат, нақши занони мусулмон дар тавсеаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҷойгоҳи занон ва қавонини марбут ба занон дар ҷаҳони Ислом аз ҷумла мавзӯоти мавриди баҳс дар ин ҳамоиш хоҳад буд.
Бино бар оморҳо, мусулмонон беш аз 180 миллион нафар аз ҷамъияти 1,2 миллиардии Ҳиндро ташкил медиҳанд. Ҳинд пас аз Индонезия ва Покистон бештарин ҷамъияти мусулмонони ҷаҳонро дорад.
Бознависӣ аз Iqna

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст