qoti m

Шайх Ҷаъфар Абдураҳмон, қории маъруфи индонезӣ сешанбе 25 апрел дар маросиме ҳангоми қироати Қуръони Карим даргузашт.
Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ дар ин маросим, ки вазири умури иҷтимоии Индонезия ҳузур дошта, шайх баъд аз тиловати ояи дувуми сураи “Мулк”, ки дар он омадааст: “Ӯст, ки марг ва зиндагиро падид овардааст, то биёзмояд кадом як аз шумо некӯтаред...”, натавонист, ояи сеюмро бихонад ва дар миёнаи тиловати ин оя аз дунё рафт.
Расонаҳо гуфтаанд, ки ин маҳфил дар телевизионҳо мустақим намоиш дода мешуд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст