Айёмиддини Фахриддин, фарзанди як хонаводаи муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, дар 24-умин озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар Қоҳираи Миср мақоми дувумро соҳиб шудааст.
Дафтари матбуоти Шӯрои уламои Русия мегӯяд, Айёмиддини Фахриддин ягона намояндаи Русия дар ин озмуни бонуфуз будааст. Торнамои расмии ин ниҳод дар идома менависад: “Мо Айёмиддинро барои ин дастовард табрик менамоем ва Худоро шукр мегӯем, ки ин хабар мусулмонони Русияро хурсанд намуд”.
Ба иттилои манбаъ, дар ин озмун намояндаҳои 40 кишвари ҷаҳон ширкат кардаанд.
Айёмиддини Фахриддин аз 6 солагӣ ба ҳифзи Қуръони Карим оғоз карда, давоми 4 сол онро пурра аз бар намудааст. Ҳоло 15 сол дорад ва то имрӯз дар озмунҳои қориёни Қуръон дар Судон, Қувайт, Аморати муттаҳидаи Араб иштирок намудааст.
Номи Айёмиддини Фахриддин, қории навраси тоҷик замоне расонаӣ шуд, ки навори имтиҳон ва санҷиши ӯ дар як шабакаи телевизионии арабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 4 милион тамошобин пайдо кард. Ин навор бо номи “Ин тифл, бе баҳс муъҷизаи асри мост” (бо забони арабӣ) аз сӯи Муҳаммад Абӯхалифа, як корбар аз Урдун гузошта шудааст.
Мо ҳам ба ишон ва хонаводаи муҳтарам ва мусулмонон ин муваффақиятро табрик намуда барояшон саодат ва саломат мехоҳем.
Бознависӣ аз Озодагон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст