«Нурсултон Назарбоев» раиси ҷумҳури Қазоқистон 12 апрел дар ҳукме ба марокизи омӯзишии ин кишвар дастур дод то поёни соли ҷорӣ аз хатти лотин ба ҷои хатти кириллӣ дар ин кишвар истифода шавад.
Раиси институти масоили минтақаии Русия бо ишора ба дастури раиси Ҷумҳури Қазоқистон барои истифодаи хатти лотин дар соли оянда дар ин кишвар гуфт: «Остона» бо интихоби хатти лотин манофеъи миллӣ ва тамаддунии худро таҳким мекунад.
Вай идома дод: Хатти лотин иҷозаи барқарории равобити фарҳангии беҳтар бо кишварҳои туркзабонро медиҳад, ки аксар аз хатти лотин истифода мекунанд. Дар ҷаҳоне, ки тафовутҳои зиёд вуҷуд дорад, миллатҳо бо доштани абзорҳо аз ҷумла забони ягона иртибототи худро наздиктар мекунанд.
Раиси институти иттиҳодияи иқтисодии Евразия бо ишора ба тағйири хатти кириллӣ ба лотин дар Қазоқистон, изҳор дошт: Остона кишвари туркзабон ва мутааллиқ ба ҷаҳони тарк мебошад. Бо интихоби хатти лотин ба суннатҳои туркӣ наздиктар мешавад, ки боиси таҳкими ҳувият, гароиши тамаддунӣ ва манофеъи ин кишвар мешавад.
Бознависӣ аз «Форс»

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст