MUJASAMA

Аз ин ба баъд саҳни қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Венаи Австрия ҳайкалҳои чор мутафаккири бузурги Шарқ – Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абӯрайҳони Берунӣ ва Закариёи Розӣ зинат медиҳанд. Ин чор алломаро фарзандони бузурги халқи тоҷик мешуморанд.
Созмони Милал ба саҳми шоирону донишмандони форсизабон дар гузашта низ арҷ мегузошт ва дар яке аз пештоқҳои қароргоҳи Созмони Милал дар шаҳри Ню-Йорки Амрико сурудаи машҳури Саъдии Шерозӣ дарҷ шудааст:
Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Абӯалӣ ибни Сино соли 980 м. дар деҳаи Афшини Бухоро ба дунё омада, соли 1037м. дар Ҳамадон аз олам чашм пӯшидааст. Абӯалӣ Сино осори ҳайратовари илмие дар улуми тиб, фалсафа, нуҷумшиносӣ, физика, кимиё, равоншиносӣ, мантиқ, геология ва улуми дигар аз худ ба ҷо гузоштааст. Китобҳои "Қонун”, "Донишнома”, "Шифо”, "Ҳай ибни Яқзон” аз ҷумлаи муҳимтарин осори ин донишманд аст, ки то имрӯз ба мо расидааст. "Қонун”-и Сино дар тӯли чандин аср китоби дарсии донишгоҳҳои тиббӣ дар саросари дунё буд.
Ибни Сино осори гаронбаҳои шеърӣ низ дорад, ки як намунааш ин дубайтист:
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Умари Хайём соли 1048м. дар Нишопур ба дунё омад ва соли 1131 дар ҳаминҷо даргузашт. Умари Хайём рисолаҳои пурарзише дар илми риёзиёт (математика) ва нуҷумшиносӣ дорад, ки маъруфтаринҳояш "Рисола” ва "Наврӯзнома”-анд. Вале Умари Хайёмро дар дунё бештар аз ҳама бо рубоиёташ мешиносанд:
Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон.
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён,
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон
Закариёи Розӣ соли 860м. дар шаҳри Райи Эрон ба дунё омад ва соли 925 м. ҷаҳонро видоъ гуфтааст. Пайдоиши илми кимиёро ба номи Розӣ нисбат медиҳанд, аммо ӯ бештар бо кашфиёташ дар илми тиб маъруф буда, муҳимтарин китобҳои тиббиаш «ал-Ҳовӣ» ва «Мансурнома»-анд.
Абӯрайҳони Берунӣ аз донишмандони замони Бӯалӣ Сино буда, соли 973 м. дар Хоразм ба дунё омад ва соли 1047м. дар Ғазнӣ вафот кард. Берунӣ дар илмҳои гуногун аз ҷуғрофиёву ситорашиносӣ то забоншиносиву фалсафа ва фиқҳ асарҳои пурарзиш навиштааст. Танҳо рӯйхати номи асарҳои Берунӣ, ки шогирдонаш тартиб додаанд, 60 саҳифаро дар бар мегирифт.
Бознависӣ аз «Ахбор»

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст