Нахустин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва таҷвиди Қуръони Карим ба номи «Ҷоизаи азми Траблос»-и Лубнон фардо 20 март дар Бейрут пойтахт ин кишвар оғоз мешавад. Оини ифтитоҳияи ин рақобатҳо фардо дар муҷтамеъи «масҷиди Муҳаммади Амин»-и Бейрут  баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқот 32 нафар ширкат хоҳанд кард ва меҳмонони вижа барои суханронӣ дар семинарҳои ҷонибии ин мусобиқот аз кишварҳои Арабистон, Алҷазоир, Қатар ва Ироқ ҳозир хоҳанд шуд.
Шайх Миъсаровӣ устоди барҷастаи мисрӣ ба унвони раиси ҳайъати доварон ба ҳамроҳи Айман Сувайд ва Солим Заҳронӣ ба амри қазоват дар ин рақобатҳо мепардозанд.
Ширкаткунандагон имрӯз 19 март бояд дар озмуни аввалияи арзёбӣ ҳозир шуда пас аз таъйиди ҳайъати доварон иҷозати ҳузур дар рақобатҳоро, ки аз фардо, 20 март оғоз мешавад, дарёфт кунанд.
Оини поёнии рақобатҳо рӯзи ҷумъа, 24 март аз соат 18:30 ба вақти маҳаллӣ дар муҷтамеъи тарбияти Алазм-и Траблос баргузор хоҳад шуд.
Бар асоси ин гузориш «Умар Абдулкофӣ»,аз мубаллиғони мусулмон низ дар тӯли ин давраи мусобиқот, силсила суханрониҳоеро бо мавзӯъи «Сулҳ дар Қуръон» дар шаҳрҳои Бейрут, Сайдо ва Траблос баён хоҳад кард ва як ҳамоиш низ бо мавзӯъи «Сулҳ дар Қуръон» дар ҳошияи рақобатҳо баргузор хоҳад шуд.
Гуфтанӣ аст, ки мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва таҷвиди Қуръони Карими Лубнон бо унвони «Ҷоизаи Азми Траблос» ба ибтикори «Наҷиб Миқотӣ» нахуствазири пешини Лубнон роҳандозӣ шуда ва ба ҳиммати анҷумани «Азм ва саодати иҷтимоӣ»-и Лубнон ва бо ҳамкори Дорулфатвои ин кишвар баргузор мешавад.
Бознависӣ аз Iqna

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст