Ҳамоиши байналмилалии «Мусибати Рӯҳингиё» имрӯз, 14 март ба ҳиммати иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон дар Малайзия баргузор мешавад.
Ин ҳамоиш ба унвони «Мусибати Рӯҳингиё» ва бо ҳамкории иттиҳодияи уламои мусулмони шӯъбаи Малайзия дар ин кишвар баргузор мешавад ва ба муддат се рӯз идома дорад.
Мусулмонони Рӯҳингиё даҳҳо сол аст, ки мавриди ҳамалот, хушунат ва поксозии қавмӣ аз сӯи давлат ва аносири амниятии артиши Миёнмор (Бирма) қарор гирифтаанд ва ин амр куштори ҳазорон рӯҳингиёӣ ва муҳоҷирати миллионҳо тан аз ононро дар пай доштааст.
Бознависӣ аз Iqna

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст