Намоишгоҳи байналмилалии “Муаррифии Ислом” аз 18 март дар Австрия оғоз мешавад.
Масъули таблиғоти намоишгоҳ гуфт: Намоишгоҳи байналмилалии “Муаррифии Ислом” дар кохи «Шолобург» воқеъ дар иёлати «Австрияи марказӣ» баргузор хоҳад шуд ва пешбинӣ мешавад боздидкунандагони зиёде аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ин намоишгоҳ дидан кунанд.
Вай афзуд: Муаррифии Ислом ба шева мавзӯӣ ва ошноии наздики боздидкунндагон бо таолим ва омӯзаҳои дини Ислом аз аҳдофи баргузории ин намоишгоҳ аст.
Ҳорлд Бешлбоур баён кард: Ин намоишгоҳ бо ҳамкории гурӯҳи фарҳангии иёлати «Австрияи марказӣ» ва кохи таърихии «Шолобург» баргузор хоҳад шуд ва пешбинӣ мешавад ба сабаби аҳамияти мавзӯъ ва афзоиши эҳтимом ба Ислом дар манотиқи мухталифи ҷаҳон ҳудуди 250 ҳазор нафар аз ин намоишгоҳ боздид кунанд.
Масъули таблиғоти намоишгоҳи байналмилалии муаррифии Ислом дар Австрия изҳор кард: «Қуръони карим», «ҳазрати Муҳаммад(с)», «шахсиятҳои аслӣ ва таъсиргузор дар таърихи Ислом», «меъёрҳои муштарак миёни адёни осмонӣ» ва «нуқоти ҳамгароӣ ва ихтилоф миёни ҷаҳони Ислом ва Аврупои қадим ва ҷадид» аз бахшҳои мухталифи ин намоишгоҳ аст.
Вай изофа кард: Дар бахши дигаре аз ин намоишгоҳ равобити миёни Ислом ва Австрия аз қарни 19 мелодӣ то кунун ва ҳамчунин воқеияти зиндагии мусулмонон дар ҷомеаи Австрия баён мешавад.
Бешлбоур бо ишора ба ин, ки ин намоишгоҳ фурсати муносибе барои муаррифии Ислом ба боздидкунандагон ба шеваи мавзӯӣ аст, гуфт: Баргузоркунандагон ва масъулони ин намоишгоҳ бо гурӯҳи илмии муташаккил аз мусулмонон аз миллатҳои мухталиф дар бораи чигунагии барпоии ин намоишгоҳ машварат карданд ва ҳамчунин дидгоҳҳо ва нуқта назароти масъулони марокиз ва муассисоти исломӣ аз мазоҳиб ва ҷараёнҳои мухталифи фикриро низ ҷӯё шуданд.
Вай дар поён гуфт: Бахше аз фаъолиятҳои ин намоишгоҳ ба ҷаласоти гуфтугӯ ихтисос дорад, ки мавзӯоте мисли «ҳамзистии мусолиматомез дар Австрия ва ҷавомеъи аврупоӣ», «фурсатҳои мавҷуд барои мусулмонон ва чолишҳои пеши рӯи онҳо дар муассисоти расмии ҷавомеъи аврупоӣ» ва «робитаи фаҳм ва дарки ғайри мусулмонон аз Қуръон бо шинохти беҳтари Ислом» баррасӣ хоҳад шуд.
Бознависӣ аз Iqna

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст