«Исроъ Абдуссаид» устоди забоншиносии корбурдии гурӯҳи забони чинии донишкадаи забонҳои донишгоҳи «Айни шамс»-и Миср, докторои забони чинӣ дорад ва ёдгирии ин забон ангезае барои рӯй овардани ӯ ба тарҷумаи мутуни динӣ будааст.
Исроъ ду докторо дар забони чинӣ дорад. Ӯ авоили соли 1998 мелодӣ рисолаи доктории худ бо унвони «Тарҷумаҳои чинии сураи Каҳф» ва дар соли 2014 низ рисолае бо мавзӯъи «Иштироки лафзӣ байни забони чинӣ ва арабӣ» ироа дод.
Абдуссаид устоди роҳнамои поённомаҳои зиёде бо мавзӯъи хусусиятҳо ва ҷилваҳои забонӣ ва балоғии Қуръон ва «Саҳеҳ Бухорӣ» низ буда ироаи поённомаҳои тахассусӣ ва фаъолият ба унвони устоди роҳнамо худ сароғозе барои қадам бардоштан дар ҷодаи тарҷумаи Қуръон будааст.
14 тарҷумаи Қуръон ба забони чинӣ вуҷуд дорад, ки мутарҷимони он ҳамагӣ уламои чинӣ будаанд.
Ӯ дар гуфтугӯ бо Мисруларабия мегӯяд: Кори тарҷумаи Қуръон ба чинӣ дар ҳоли поён аст ва дар ҳоли ҳозир ба ҷузъи 23 расидаам ва ин дар воқеъ нахустин тарҷумаи Қуръон ба чинӣ тавассути як арабзабон хоҳад буд.
Ӯ далели ин кори худро чунин баён мекунад: Пас аз мутолиаи тарҷумаҳои чинии каломи ваҳй иштибоҳоте дар онҳо дидам, ки ношӣ аз ин буд, ки мутарҷимон забони модариашон арабӣ набуд ва барояшон сахт буд, ки мафоҳими Қуръонро ба хубӣ мунтақил кунанд, аз ин рӯ тасмим ба тарҷумаи Қуръон ба чинӣ гирифтам.
Яке аз мушкилоте, ки Исроъ дар ҳини тарҷума бо он рӯ ба рӯ шуда, фарқи таркиббандии ҷумалот байни ду забони арабӣ ва чинӣ буда, ки дарки ин тафовут ниёзманди мутолиаи зиёд дар тафсир, фиқҳ ва таърих аст.

Ӯ, замоне ки дар тафсири ояте бо мушкил бармехӯрад, аз асотиди аҳли фан кӯмак гирифта аз тафсири шайх Шаървой низ бисёр баҳраманд шудааст.
Вай мегӯяд: Тарҷумаи Қуръон амонате бар гарданам аст ва ман бояд аз маънои дурусти ҳар калима мутмаин шавам. Дар бештари вақтҳо пеш омадааст, ки ба 14 тарҷумаи чинии Қуръон муроҷиа ва онҳоро ба сурати дақиқ мутолиа кардаам.
Бознависӣ аз Iqna

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст